Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хоруғ

Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об

2222
Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сокинони Хоруғ бо оби ошомиданӣ иқдом кардааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар пайи суҳбати раиси вилоят Ёдгор Файзов бо раисиҷумҳур дар бораи мушкили беобӣ дар Хоруғ, Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳоро барои ҳалли мушкили мазкур муваззаф кардааст.

Аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати умури дохилӣ 15 декабр дар Хоруғ дар ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода дастгоҳи обкашӣ фаъол карда шудааст, ки 150 хочагӣ ва 14 идораву муассисаро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд.

Файзов аз номи мақомоти иҷроияи ВМКБ ба Раҳимзода барои ин иқдоми нек изҳори миннатдорӣ кардааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ афзуд, ки феълан дар доираи супориши Эмомалӣ Раҳмон талоши сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба таъмини сокинони Хоруғ бо оби ошомиданӣ равона шудааст.

2222