Грантҳои Ҷопон барои сохтмони мактабҳою хариди таҷизоти тиббӣ ба Тоҷикистон

Обуна шудан
Ҷопон ва Тоҷикистон 5 созишномаи кумаки бебозгаштро ба маблағи умумии 441 ҳазору 814 доллар ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бар асоси созишномаҳои имзошуда, Ҷопон барои дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷомӣ 91 ҳазору 870 доллар, барои  сохтмони бинои нави мактаби №60 дар ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод  89 ҳазору 282 долларро ҷудо кард.

Барои сохтмони бинои нави мактаби №7 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун ва 89 ҳазору 249 доллар ва таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе  89 ҳазору 222 доллар равона мегардад.

Лоиҳаи 5-уме, ки бо кӯмаки бебозгашти Ҷопон амалӣ мешавад, сохтмони бинои нави мактаби №79 дар деҳаи Сариҷӯйи ҷамоати Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод  бо маблағи 82 ҳазору 191 доллар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0