Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, акс аз бойгонӣ

Аёдату кӯмак ба 900 ниёзманд дар Суғд дар арафаи Соли нав

30
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 900 оилаи камбизоат, шахсони яккаву танҳо ва маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилоят кумак расонда шавад

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, масъулин дар арафаи Соли нав ба аёдати низмандон рафта, кӯмаки моддиро ироа хоҳанд кард.

“Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ - 60, Ашт - 60, Бобоҷон Ғафуров - 80, Бӯстон - 25, Гулистон - 25, Деваштич - 60, Зафаробод - 50, Истаравшан - 80, Исфара - 60, Истиқлол - 20, Конибодом - 60, Куҳистони Мастчоҳ - 20, Мастчоҳ - 50, Панҷакент - 80, Спитамен - 40, Хуҷанд - 65, Ҷаббор Расулов - 40 ва Шаҳристон - 25 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби роҳбарияти вилоят нақшаи аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд тасдиқ гардида, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ - маводи ниёзи аввалия дар шаҳру ноҳия идома дорад.

30