Дагир Хасавов - адвакат семьи Вайды

Вакили хонаводаи Ҳувайдо - Хасавов: Сёмин роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад

240
(Таҷдидшуда 13:46 18.01.2019)
Сёмин, ҷавоне, ки дар қатл ва таҷовузи духтараки тоҷик Ҳувайдо муттаҳам мешавад, дар "ҳолати равонии ноҳанҷор" қарор доштааст. Дагир Хасавов мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ӯро махсус ба ин ҳолат расонидаанд. "Аммо ӯ роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад", - таъкид мекунад вакил

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Вакилии номии Русия Дагир Хасавов дар як наворе дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки ба ҳимояи манфиатҳои падари Ҳувайдо - духтараки панҷсолаи тоҷик, ки Русия фоҷиабор таҷовуз ва кушта шуд, оғоз кардааст.

Ӯ аз пайгирони ҳодиса хоҳиш кард, ки аз тафтишот нигарон набошанд, зеро он идома дорад ва Александр Сёмин, ки муттаҳами асосӣ аст, "роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад".

Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори духтараки тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав ба 22 июли соли 2018  иттифоқ афтод ва ҷасади ӯро рӯзи 23-юм пайдо ва худи ҳамон рӯз ҷавони 28-солаи сокини Серпухов, Александр Сёминро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт карданд.

Ба гуфтаи Хасавов, тафтишот то ҳол идома дорад ва худи Сёмин "дар ҳолати равонии ноҳанҷор" қарор дорад.

"Ҳаминро гуфта метавонам, ки тафтишот идома дорад, худи муттаҳам, тавре ба мо гуфтанд, дар вазъи равонии ноҳанҷор қарор дорад. Ӯ дар беморхонае дар вилояти Смоленски Русия аст", - тавзеҳ медиҳад вай.

Хасавов боварӣ дорад, ки Сёмин новобаста аз ҳолати равониаш, наметавонад аз ҷавобгарӣ фирор кунад.

"Ӯ имконияти гурехтан аз ҷавобгариро надорад. Мо гумон мекунем, ки вазъи равонии ӯро махсус "сохтаанд". Зеро ҳоло тиб мӯъҷизакор гаштааст. Аммо ин ба вай кӯмак намекунад. Сёмин ду роҳ дорад, ё марг дар зиндон ва ё марг дар бемористон, роҳи дигаре нест", - меафзояд вакил.

Барои ҳамин, хоҳиш мекунам, ки касе аз тафтишот нигарон набошад. Парванда ба мизи додгоҳ мерасад ва ӯ дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод, афзудааст вай.

Дагир Хасавов дар идома хабар додааст, ки додситонӣ парвандаи ҷиноиро нисбати нозири минтақавӣ дар Серпухов, ки соле пеш шикояти сокинонро нисбати Сёмин баррасӣ накарда буд, ба анҷом расонидааст ва он баъди хулосаи айбдоркунӣ ба дасти додгоҳ мерасад.

Ба гуфтаи ӯ нисбати нозири минтақавӣ тибқи моддаи 293 (хунукназарӣ) Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба вай то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

"Мо дар ҷаласаи додгоҳии нозири минтақавӣ ҳам иштирок мекунем ва сипас ба парвандаи ҷиноии  қотили Ҳувайдо бармегардем.  Ҳамааш таҳти назорати мост ва ба онҳо имконияти кашида гирифтани Сёминро аз ҷавобгарӣ намедиҳем", - таъкид мекунад дар анҷоми изҳороташ Дагир Хасавов.

Ёдрас мешавем, ки пештар падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки 10 январ дар ҷаласаи додгоҳие мӯҳлати ҳабси пешакии Сёмин ва мӯҳлати тафтишотро то 25 январ тамдид карданд ва ҷаласаи додгоҳии навбатӣ 25 январ баргузор мешавад.

240