Қарори Аҳмадзода барои таҷлили бошукуҳи 8 март дар Суғд

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарор кардааст, ки соли равон 8 март - Рӯзи Модар дар вилоят бо ташкили чорабиниҳои гуногун ҷашн гирифта шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, қарори Аҳмадзода дар ин бора 18 январи соли 2019 ба тасвиб расид.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: таъини раисони “Тоҷик Эйр”, “Амонатбонк” ва мансаби писари Убайдуллоев

Бар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.

Манбаъ афзуд, дар доираи таҷлили Рӯзи Модар гузаронидани мулоқоту конфронсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус, омӯзшигоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо иштироки занони барӯманду собиқадор дар назар аст.

“Конфронси вилоятии “Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият”, ташкили маҳфилҳо бо иштироки ҷавондухтарон дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои вилоят, аёдат ва қадршиносии модарони танҳо, занони фаъол, собиқадорони меҳнат ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раиси Суғд.

Лентаи хабарҳо
0