Продавец в магазине считает сдачу

Се ҳазор сомониро аз ҷайби курткаам кашида гирифтанд: шикоят аз дуздии рӯирости ду ҷавон

222
(Таҷдидшуда 10:18 23.01.2019)
Ду ҷавони 19 ва 20-сола дар ноҳияи Панҷ ба дуздии "рӯирост" муттаҳам мешаванд. Онҳо аз ҷайби як сокини ноҳияи мазкур се ҳазор сомониашро кашида гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони милиса дар ноҳияи Панҷ ба иттиҳоми ғоратгарӣ ду ҷавонро боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ  марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи ҷавон, 21-уми январ, тахминан соати 17:00-дақиқа, дар кӯчаи А.Рӯдакии ҳамин ноҳия шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дохили ҷайби курткааш 3000-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 19 ва 20-солаи сокинони ноҳияи Панҷ бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.

Ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

222