Шухрат Улфатов и председатель диаспори таджиков в Челябинске

Шӯҳрат Улфатовро ба Тоҷикистон мебаранд

770
(Таҷдидшуда 14:21 24.01.2019)
Фардо, 25 январ волидони Шӯҳрат Улфатов - Тӯтихон Улфатова ва Маҳмадшо Улфатов дар Челябинск мешаванд. Пизишкон гуфтаанд, ки пас аз ҳафтае Шӯҳрат пурра аз бемористон мураххас мешавад. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯро ба Тоҷикистон мебаранд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷиреро, ки дар ҳодисаи Магнитогорск маҷрӯҳ гашту ҳамсару фарзандонашро аз даст дод, ба Тоҷикистон мебаранд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон пайвандони Шӯҳрат хабар доданд.

Ба гуфтаи тағои вай, Бахтиёр Султонов феълан ҳоли Шӯҳрат Улфатов хуб аст. Пизишкон гуфтаанд, ки пас аз ҳафтае ӯро аз бемористон ҷавоб медиҳанд.

Ҳафте пеш ӯро аз шӯъбаи эҳё мураххас карда буданд.

Волидони ҷавон - Тӯтихон Улфатова ва Маҳмадшо Улфатов фардо, 25 январ дар Челябинск мешаванд. Пайвандон то ҳол хабари марги ҳамсару фарзандонашро аз вай пинҳон мекунанд. Онҳо нақша дорад, ки Шӯҳратро ба Тоҷикистон баранд.

"Бори гарон дар дӯшам аст - хабари марги зану фарзандашро бояд ба вай расонам", - гуфтааст пеш аз сафар модари ҷавон.

Пештар як навори сӯҳбати Шӯҳрат Улфатов аз бемористон мунташир шуда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳолаш хуб аст.

Бахтиёр Султонов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи будубоши хонаводаи Шӯҳрат дар Магнитогорск пеш аз ҳодисаи мудҳиш нақл карда буд.

Шӯҳрат ва Раҷабмо соҳиби се фарзанд буданд. Шӯҳрат дар сохтмон кор мекард, Раҷабмо соҳибхоназан буд ва кӯдакон ба кӯдакистон мерафтанд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Султонов, Раҷабмо 8-умин фарзанде буд, ки волидонаш ба хок супурданд. Хонаводаи Шӯҳрат мехоҳанд, ҷубронпулиеро, ки Ҳукумати Русия медиҳад, ба волидони Раҷабмо диҳанд.

Ёдрас мешавем, субҳи 31 декабр, дар ҳоле ки мардуми Русия дар ташвиши таҷлили соли нав буданд, як подъезди бинои 9-қабатае  дар Магнитогорск фурӯ рехт. Дар пайи ҳодиса 39 тан, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Хонаводаи Шӯҳрат Улфатов дар бинои шашум зиндагӣ мекарданд. Шӯҳрат Улфатовро худи ҳамон рӯз як муҳоҷири тоҷики узбакистонӣ Оламафрӯз Абдуллоев пайдо кард. Вақте ҷавони узбакистонӣ Шӯҳратро аз зери вайронаҳо пайдо мекунад, ӯ маҷрӯҳ, вале дар худ будааст. Ӯ гуфтааст, ки зану фарзандаш ба берун баромаданд.

Аммо ҷасади ҳамсару фарзандони Шӯҳрат - Раҷабмо Исоеваи 24-сола, Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-соларо рӯзи 3 январ аз зери харобаҳо бароварданд. Ҷанозаи онҳоро 6-уми январ дар зодгоҳашон ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба хок супурданд.

770