Қабристон дар Узбакистон, акс аз бойгонӣ

Баҳси тоҷикону қирғизҳо дар гӯристони марзӣ барои кулбаи белҳо

193
(Таҷдидшуда 19:20 24.01.2019)
Сокинони навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон барои як кулбаи асбобҳои гӯрканӣ дар қабристони наздимарзӣ баҳс кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Таниш барои кулбаи бунёдкардаи қирғизҳо дар гӯристони марзӣ, ки мояи норозигии тоҷикон шудааст, рух додааст.

Ба иттилои нашрияи Turmush, ҳудуди 50 тоҷикистонӣ ва 100 қирғиз дар гӯристони наздимарзӣ, сари кулба барои белҳо баҳс кардаанд. Тоҷикон таъкид кардаанд, ки гӯристон дар минтақаи баҳснок аст ва бунёди иншоот дар минтақаи марзии муайяннашуда мамнуъ мебошад.

Дар натиҷа ба ин қазия раиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон, Кенешбек Солиҳов дахолат карда, ин танишро шармсоркунанда хондааст, чун ба гуфтаи ӯ гӯристон аслан набояд мояи муноқиша бошад.

Феълан барои ҳалли баҳси мазкур гуруҳи корӣ бо иштироки ду ҷониб ташкил шуда, то ҳалли қазия боздид аз минтақаи баҳсӣ мамнуъ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон садҳо километр марзи муайяннашуда доранд, ки боиси сар задани баҳсҳо миёни сокинони навоҳии наздимарзӣ мегардад.

193
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)