Хонаводае дар хиёбони Душанбе, акс аз бойгонӣ

Афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

188
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон азҳампошии оилаҳоро дар кишвар таҳқиқ карда, муайян намудааст, ки теъдоди талоқ майли афзоиш дорад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шоҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни як ҳамоиш дар мавзӯи азҳампошии оилаҳо омори никоҳу талоқ дар кишварро ироа кард.

Ба иттилои ӯ дар 11 моҳи соли 2018 теъдоди талоқ дар кишвар афзоиш ёфта, ба 10 ҳазору 140 адад расидааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи 12 моҳи соли 2017 дар мамлакат 10 ҳазору 53 оила аз ҳам ҷудо шудааст.

Адади оилаҳои навбунёд дар 11 моҳи соли 2018 ҳудуди 71,6 ҳазор арзёбӣ шуд.

188