Шухрат Улфатов с женой Рачабмох Исоевой

Ба Шӯҳрат аз марги зану фарзандаш хабар доданд, ӯ аз ҳуш рафт

1306
Наздикони ҷавон дарҳол ёрии таъҷилӣ даъват карда, ӯро бемористон интиқол доданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло вазъаш хуб аст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ба Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷике, ки дар пайи ҳодимсаи Магнитогорск маҷрӯҳ гашта, ҳамсар ва фарзандонашҳалок шуданд, аз марги пайвандонаш хабар доданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Бахтиёр Султонов, тағои ҷавон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тақрибан соатҳои 11-и Русия волидони Шӯҳрат Тӯтихон ва Маҳмадшо Улфатовҳо хабар доданд, ки ҳамсар ва фарзандони Шӯҳрат зери харобаҳо монда, ҳалок гаштанд.

"Волидон ва пайвандон ба Шӯҳрат хабар доданд, ки ҳамсар ва фарзандонаш зери харобаҳо ҳалок гаштанд. Ӯ бо шунидани ин хабар аз ҳуш рафтааст. Волидон дарҳол Шӯҳратро ба бемористон интиқол доданд", - тавзеҳ дод Султонов.

Вай афзуд, ки феълан вазъи Шӯҳрат хуб аст.

Хонаводаи Шӯҳрат Улфатов дар шаҳри Челябинск қарор доранд ва ба гуфтаи Бахтиёр Султонов, баъди гирифтани ҷубронпулии Ҳукумати Русия ба Тоҷикистон бармегарданд.

1306