Комната в общежитии сотрудников фермы ООО “Славянка М

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як зани душанбегӣ барои ташкили фоҳишахона

372
Нисбати як сокини пойтахт барои ташкили фоҳишахона мутобиқи моддаи 239 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Даромади муфти як зани ҷавон дар Душанбе аз ҳисоби ташкили фоҳишахон бо оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳаш анҷом ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 6-уми феврали соли 2019 хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 31-солаи сокини пойтахт ва зани 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, марди 33-сола ва зани 30-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои муносибатҳои шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Моддаи 239 - Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

372