Лифофа бо пул, акс аз бойгонӣ

Боздошти мақомдори Кумитаи замин барои гирифтани 3 ҳазор сомонӣ пора

290
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 42-сола, сокини ноҳияи Спитамен, мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкур хабар додааст, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дастгиршуда бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои ҳуҷҷатгузорӣ ва додани шаҳодатномаи саҳми замин ба ду марди 58 ва 28-сола, сокинони ноҳияи Спитамен 3 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

“Ӯ рӯзи 2-юми марти соли 2019, тахминан соати 11:35-дақиқа, ҳангоми гирифтани маблағи пулии 3 000 сомонӣ ба сифати пора дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан алайҳи дастгиршуда барои порагирӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон бар асоси фармони раисиҷумҳур, дар Додситонии кулли Тоҷикистон раёсати ҷадид ташкил шуд, ки иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи заминро назорат хоҳад кард.  Тибқи ин фармон, раёсати нави назорати қонунгузорӣ дар соҳаи замин ба сохтори дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон ва низоми идории ин ниҳод ворид карда шуд.

Қаблан  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нақзи қонунҳо дар бахши замин, аз фурӯши ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошта буд, ки он дар ҳоли табдилшавӣ ба як дарди бедавост. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки мубориза бо ин раванд пурзӯр карда шавад.

290
Такси в Душанбе

Ҷаримабандии ронандаи ширкати "Olu4a Taxi": ҷавондухтари велоспедронро таҳқир кард

477
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷаримандӣ шудани ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" хабар медиҳад, ки ҷавондухтари велосипедронро мавриди таҳқир қарор додааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси шикояти як ҷавондухтар ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" - ро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, духтар бо ирсол намудани  расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз кормандони милитсия хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

"Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

Зимнан, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Нисбати Самадов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид.

Суд дар нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд.

477
Барчаспҳо:
такси, ронанда, ҷарима
Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

3695
(Таҷдидшуда 17:27 27.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ карда, барои иҷрои он дастур додааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи тартиботи нав, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба камбизоатон аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 116 сомонӣ ҳар чормоҳа, дар маҷмуъ соле 464 сомонӣ пардохт мегарданд.

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, 14 май имзо кардааст, кумакпулиҳо ба бархе шаҳру навоҳӣ аз 1 июл пардохта мешаванд.

Таъйину пардохти кумакпулиҳо аз 1 июл барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар навоҳии Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Кумакпулиҳо барои камбизоатон инчунин дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ – Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода таъйину пардохт мешаванд.

Дар қарор инчунин омадааст, ки аз 1 июл кумакпулиҳо барои камбизоатон дар навоҳии Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ пардохт мегарданд.

Бар асоси тартиби муқарраршуда, барои дастрас кардани пардохту кумакпулиҳои иҷтимоӣ афроду оилаҳои камбизоат бояд дар мақомоти маҳаллии ҷои истиқоматашон ба қайд гирифта шаванд.

3695
Барчаспҳо:
камбизоат, кумакпулӣ, Тоҷикистон
День 28 мая

Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 03:53 28.05.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми май дар Тоҷикистн аз Рӯзи сарҳадчиён ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Эфиопия Рӯзи суқути низомӣ қайд карда мешавад

Рӯзи 28 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Монако узви 182-юми СММ шуд.

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Соли 1863  дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Рӯзи 28 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

День 27 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Бишкек миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

Соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28май


 

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.
  • Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.
  • Дар Озарбойҷон- Рӯзи ҷумҳурӣ.
0