Похороны Бозора Собира

Расоиддин Тешаев, сокини кушташудаи Ворух шаҳрванди Русия буд

3574
(Таҷдидшуда 16:17 15.03.2019)
Марҳум соле пеш барои хабаргирии падари 84-солааш ба Исфара баргашт. Ӯ рӯзи ҷанҷол ба муҳофизати ҳамсари бародарон ва фарзандони онҳо, ки худ дар Русия буданд, ба деҳаи Меҳнатобод меравад ва кушта мешавад

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Расоиддин Тешаев, сокини 37-солаи маҳаллаи Тидони ҷамоати Ворух, ки дар пайи задухӯрди марзӣ кушта шуд, шаҳрванди Русия низ будааст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон бародари марҳум Вафоуддин Тешаев хабар дод.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта, 14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мавзеи Меҳнатободи ҷамоати Ворух ва Оқсойи ноҳияи Ботканд танишҳои марзӣ идома ёфтанд ва дар пайи тирпарронии ҷониби Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон (ки шаҳрванди Русия низ будааст - идора), Расоиддин Тешаев кушта шуд.

Имрӯз наздикони Тешаев хабар доданд, ки мард дар Русия кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд.

Ба гуфтаи онҳо, Расоиддин ҳудудан як сол пеш барои хабаргирии падари 84-солааш ба Ворух бармегардад ва ният дошт, ки тобистон ҳамроҳи хонаводааш дубора ба Русия равад.

"Расоиддин устои чирадасте буд. Бештар аз 10 сол дар шаҳри Барнаул кор ва зиндагӣ мекард. Соли гузашта ба хотири бемории падари 84-солаамон ба Ворух омад ва нияти бозгашт ба Русияро дошт", - мегӯяд бародари марҳум.

Тешаев дар маркази Ворух, маҳаллаи Тидон зиндагӣ мекардааст. Аммо мазили ду бародараш, ки худ дар Русия муҳоҷир будаанд, дар деҳаи Меҳнатобод будааст. Марҳум, бо шунидани нооромӣ дар марз, ба хотири хабаргирии ҳамсару фарзандони бародаронаш ба ҷои ҳодиса меравад.

"Ӯ ба кӯдакони бародаронаш хавотир шуда, ба минтақаи даргирӣ меравад. Вақти задухӯрд аввал ба дасташ тир мехӯрад ва вақте тоб мехӯрад тири дувум ба тахтапушташ зада, то дилаш мегузарад ва дар пайи ҷароҳати вазнин вафот мекунад", - мегӯяд Вафоуддин Тешаев.

Аз ҷавон се фарзанд, ки калониашон 11 сол ва ду фарзанди дигараш хурдсол будаанд, ятим монданд.

Расоуддинро имрӯз, 15 март баъди намози ҷумъа ба хок супурданд.

Ёдрас мешавем, Расоуддин Тешаев дувумин қурбонии даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон аст. Рӯзи 13 март дар пайи чунин як ҷанҷол дар ҷамоати Чоркӯҳ Ҳусейн Ҳакимови 43-сола, ки омӯзгори мактаби рақами 49-и деҳа буд, ба ҳалокат расид.

Даргирии марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март сар шуд. Сабаби муноқиша сохтмони роҳ дар минтақаи баҳснок гуфта мешавад.

Чанде пеш аввалин натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайъати Тоҷикистон ва Қирғизистон маълум шуданд.

Жениш Разаков, ноиби нахуствазири Қирғизистон, акс аз бойгонӣ
© Фото : Пресс-служба правительства КР / Сабыр Аильчиев

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қашқар Ҷунушалиев таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, барои амният дар навоҳии наздимарзӣ созиш кардаанд.

Ҷонибҳо барои ташкили гуруҳи муштараки оперативӣ - тафтишотӣ ба тавофуқ расидаанд, ки ба таҳқиқи қазия машғул мегардад.  

Созиши дуюми вазирҳо ташкили гуруҳҳои дидбонӣ бо шумули милисаҳои Тоҷикистон Қирғизистон мебошад, ки шабонарӯз навбатдорӣ хоҳанд кард. Ин гуруҳҳо ба таъмини амнияту тартибот ва кумак ба сокинони наздимарзӣ машғул хоҳанд шуд.

Созиши сеюми вазирони умури дохилӣ ин муҷозоти гунаҳкорон мебошад, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии муштарак муайян хоҳанд шуд ва нисбаташон қарори мунсифона қабул хоҳад шуд.

3574