"Оё метавонам ҳаҷамро ба падару модарам бахшам?"

© © Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯлои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳолати бемор будани волидон фарзанд метавонад ҳаҷи бадал адо кунад

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Як корбари сайти Шӯрои уламои Тоҷикистон аз коршиносони Маркази исломии Тоҷикистон, уламо пурсидааст, ки оё ба ҷои волидон адо кардани ҳаҷ ва бахшидани он ба падару модар дуруст аст.

"Оё ман метавонам ба ҷои падару модарам ҳаҷ раваму ба онҳо бахшам?", - менависад вай.

Уламо гуфтаанд, ки ин амал дар ҳолате ҷоиз аст, ки падару модар бемор бошанд.

"Бародари азиз, агар волидайни шумо бемор ё барҷомонда бошанд, метавонед, ки ба ҷои онҳо ҳаҷи бадал ба ҷо оред", - посух додаанд коршиносони маркази исломӣ.

Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бадани обутобёфта ва донандаи арабӣ: озмуни Кумитаи дин барои интихоби роҳбалади Ҳаҷ

Адои маросими ҳаҷ - яке аз 5 фарзҳои дини Ислом аст.

Пештар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2019" озмун эълон карда буд.

Довталабон бояд маносики ҳаҷро донанд, малакаи ташкилотчигӣ дошта бошанд, ҳамчунин ҷасман обутобёфта ва донандаи забони арабӣ ё англисӣ бошанд.

Дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2019" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.

Ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи омодагӣ ба мавсими Ҳаҷ - 2019 қарори вижа ба имзо расонид.

Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ноиби сарвазири Тоҷикистон камбудиҳои масъулину зоиринро дар “Ҳаҷ-2018” гуфт

Тибқи қарор барои омодагӣ ба мавсим дар пойтахт комиссияи шаҳрӣ ташкил ёфта, комиссияи мазкур вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд, ки барои қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 25 марти соли 2019 пешниҳод намоянд.

Инчунин,  комиссияи шаҳрӣ  пас аз анҷоми кори комиссия то 30 марти соли равон рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ирсол намояд.

Дар назар аст, ки имсол мавсими Ҳаҷ-2019 ба моҳи август рост ояд.

Лентаи хабарҳо
0