Абдурахман Дадабаев

Даргузашти сиёсатмадори маъруфи тоҷик Абдураҳмон Дадабоев дар Маскав

293
(Таҷдидшуда 15:48 18.03.2019)
Сиёсатмадори тоҷик Абдураҳмон Дадабоев 16 март дар синни 88-солагӣ дар Маскав вафот кард. Сабаби марги сиёсатмадор то ҳол номаълум аст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Сиёсатмадори тоҷик, роҳбари Кумитаи марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистони Шӯравӣ Абдураҳмон Дадабоев аз олам даргузашт.

Дар ин бора роҳбари Ассотсиатсияи тадқиқотҳои давлативу сиёсӣ ва раёсати давлатӣ дар Тоҷикистон Михаил Петрушков саҳифаи Facebook-аш хабар додааст.

Дадабоев Абдураҳмон Дадабоевич, 8 ноябри соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод дар хонаводаи Ҷӯрабоев Дадабой ба дунё омадааст.

Соли 1951, пас аз хатми мактаби миёна Абдураҳмон Дадабоев ба Донишкадаи политехникии Осиёи Марказӣ (САзПИ) дар шаҳри Тошканд дохил шуд ва соли 1956 риштаи кӯҳкании ин донишкадаро хатм кард.

Абдураҳмон Дадабоев собиқаи кориашро  ба ҳайси механик инженер дар конҳои уран соли 1956 дар корхонаи махфии низомии п/я №5-и вазорати мошинсозӣ дар шаҳри Красногорски вилояти Тошканд сар кард.

Соли 1958 Абдураҳмон Дадабоев сардори раёсати таъмини гази вазорати хоҷагии коммуналии Тоҷикистон ва соли 1961 муовини вазири хоҷагии коммуналӣ таъйин шуд.

Аз соли 1963 ба кори ҳизбӣ гузашт ва муовини сардори шуъбаи саноат ва нақлиёти Кумитаи марказии ҳизби коммунист таъйин шуд.

Абдураҳмон Дадабоев солҳои 1965-1966 ба ҳайси муовини шаҳрдори Душанбе кор карда, солҳои 1966-1969 дар Мактаби олии дипломатии вазорати корҳои хориҷии СССР таҳсил кард ва аз соли 1969 то 1972 дар сафорати СССР дар Афғонистон кор кард.

Абдураҳмон Дадабоев соли 1973 ба Тоҷикистон баргашт ва котиби кумитаи марказии ҳизби коммунист таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом солҳои 1973-1983 ва 1987 -1991 кор карда, дар ин байн солҳои 1983 – 1987 Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро роҳбарӣ кард.

Ӯ дар мақоми котиби кумитаи марказӣ соҳаҳои саноат, нақлиёт, савдо, хадамоти машиӣ ва ниҳодҳои баплангириву молияи Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Абдураҳмон Дадабоев солҳои 1992-1997 ба ҳайси президенти Иттифоқи илмиву саноатии Тоҷикистон кор кард ва соли 1998 ба нафақа рафт.

293