Наврӯзии донишҷӯёни тоҷик дар Маскав

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар наврӯзии донишҷӯёни тоҷик намояндагони Афғонистону Узбакистон низ ширкат кардаанд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо дар шаҳри Маскави Русия намоиши наврӯзии донишҷӯёни Тоҷикстон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз доир гардид. Дар ин бора равобити умумии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар медиҳад.

Тавре аспиранти соли аввали донишгоҳ Муҳибҷон Эрбоев хабар дод, аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ намоиши дастархони “Хони Наврӯзӣ” ба намоиш гузошта шуд, ки шумораи зиёди донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.

Рақосаҳо бо либосҳои зебо меҳмононро бо фарҳангу анъанаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ошно сохтанд - Sputnik Тоҷикистон
“Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ": беҳтарин аксҳо аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе

Аз намоишгоҳи донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои Маскав, муовинони ректори донишгоҳ, ҳайати праффесорону устодон дидан намуда, ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни намоишгоҳ баҳои баланд дода, бо донишҷӯёни тоҷик акси хотиравӣ гирифтанд.

Ҷавонони Тоҷикистон пагоҳ ба Ҳисор мераванд, ба наврӯзӣ

Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳ донишҷӯёни Узбакистон ва Афғонистон низ ба намоиши дарстархони “Хони Наврӯзӣ”- и худро гузошта шуда буд.

Намоиши мазкур аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои шаҳри Маскав роҳандозӣ шуда, санаи 21 март дар толори фарҳангии Донишгоҳ аз ҷониби аъзоёни маҳфил корнсерти идона ҳам баргузор шудааст.

Дар Маскав дар ҷашни Наврӯз се тон оши палав мепазанд

Наврӯз-яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор рафта, натанҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст.

Празднование Навруза  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Эмомалӣ ва 24 ҳазор нафар дар "Наврӯзӣ"-и Душанбе

Далер Назаров имрӯз дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

Барои ҳамин ҳам маросимҳои ҷашнгирии Наврӯзи бостонӣ 13 рӯз идома карда, аслан ба тавба аз гуноҳҳо, оштӣ кардан бо нафари қаҳркарда, бахшидани қарзҳо, дастгирии дармондагону мӯҳтоҷон ва ёдоварии ниёгон бахшида мешавад.
Рӯзи аслии таҷлил аз Наврӯз 21 март маҳсуб мешавад.

Ин ҷашнвора соли 2009 ба рӯйхати мероси фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО дохил шуда, соли 2010 Ассамблеяи СММ 21 мартро "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0