Девушка в наручниках, фото из архива

ВКД дар Хуҷанд ҷинояти сол 2013-ро ошкор кард: зани қаллоб боздошт шуд

2406
(Таҷдидшуда 09:43 23.03.2019)
Зан соли 2013 дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, аз ӯ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро ба маблағи 16 ҳазор доллар гирифта, то ҳол маблағашро надодааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. ВУД Тоҷикистон ҷинояти соли 2013-ро ошкор кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ниҳод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини ноҳияи Бӯстон ҷамоати деҳотӣ Х. Усмон кӯчаи А. Қодир, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, зан  моҳи сентябри соли 2013 дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, аз ӯ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро ба маблағи 16 ҳазор доллари ИМА гирифтааст.

Аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ таҳти №11232 аз 20.03.2019 сол, бо моддаи 247 қ.3 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

2406