Дастури раиси шаҳр ба зердастонаш: дар Facebook ва Twitter фаъол шавед

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальные сети
Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Нурсултон ба раисони ноҳияҳо дастур дода, ки "фақат дар як шабакаи иҷтимоӣ қарор нашинанд ва саҳифаро танҳо ба хотири худро ҳаст кардан, боз накунанд".

Душанбе, 29 мар - Sputnik. Линки кӯтоҳ ба саҳифаҳои иҷтимоии ҳокимони ноҳияҳо ва раисони мақомоти иҷроияи пойтахти Қазоқистон дар Facebook ва рақами телефонҳояшон дар равобити умумии шаҳрдорӣ навишта шудааст.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев рӯзи 27 март, дар дидор бо раисони ноҳияҳои шаҳри Нурсултон қайд кард, ки "бисёр муҳим аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудану дар мессенҷерҳо гурӯҳҳо ташкил кардану ба ин васила вазъро идора намудан".

Председатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон
Қосим-Ҷомарт Токаев - иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Қазоқистон

Мэри шаҳри Нурсултон Бахт Султонов ба ҳокимони ноҳияҳо ва раисони мақомоти иҷроияи шаҳрдорӣ дастур дод, ки "барои боз ҳам наздиктар шудан ба мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шаванд".

Ӯ таъкид кард, ки "фақат дар як шабакаи иҷтимоӣ қарор нашастан ва саҳифаро фақат ба хотири худро ҳаст кардан, боз накунанд".

"Бояд аниқ аудиторияи худро омӯзӣ ва фаҳмӣ. Масалан чуноне ман медонам, мактабхонҳо ва донишҷӯён бештар "ВКонтакте"-ро истифода мекунанд. Яъне кормандони соҳаи маориф бояд на фақат дар Facebook балки дар "ВКонтакте" ҳам фаъол бошанд.

Twitter-ро барои ҷалби сармоя ва тарғиботи бренд мешавад ба кор бурд. Барои ҳамин дастур бояд иҷро шавад",-гуфтаааст Султонов.

Лентаи хабарҳо
0