Баргузории Рӯзи даъватшаванда дар Душанбе

Обуна шудан
Дар нахустин рӯзи даъвати баҳории наваскарон дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшаванда бо иштироки мақомоти давлатӣ, ҷавонон ва волидони онҳо баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik.  Бахтиёр Назирмадзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Асрор Латифзода, муовини вазири мудофиа ва Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба наваскарон роҳи сафеду хизмати софдилона тамано намуданд.

Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Рустами Эмомалӣ ба милисаҳои Душанбе дар мавсими даъвати наваскарон

Тибқи иттилои “Ховар”  Ризо Назарзода  таъкид намуд, ки   имрӯзҳо  сафи ҷавонписарони шаҳри Душанбе дар қатори дигар ҷавонписарони мамлакат, ки  ихтиёран барои хизмат ба    сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, меафзояд.

Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ахиран мақомоти дахлдорро муваззаф кард, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Рустами Эмомалӣ дар қарораш ба мақомоти умури дохилии Душанбе дастур додааст, ки “ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои  даъватӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд”. Инчунин милисаҳои пойтахт муваззаф шудаанд, ки амнияту тартиботро дар мавсими даъват таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0