Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз пардохт нашудани маблағи барқ

1523
То ҳанӯз ҳолатҳои истифодаи исрофкоронаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёд мушоҳида мешаванд, гуфт Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе пас аз маросими ифтитоҳи Амфитеатр дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, аз пардохт нашудани пули барқ изҳори нигаронӣ кард.

Камераҳои назоратӣ: Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам дар Душанбе Амфитеатр кушоданд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти шаҳрдорӣ таъминоти сокинон ва корхонаву муассисаҳо бо нерӯи барқи доимӣ ва гармӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби  мақомоти  шаҳр ва ноҳияҳои он дар ин самт то имрӯз корҳои зиёди сохтмон ва таҷдиду навсозии инфрасохтори энергетикӣ амалӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахши корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон қариб 52 километр қубурҳои гармидиҳанда иваз гардида, 1900 иншооту биноҳо бо гармӣ таъмин карда шудаанд.

"Дар робита ба масъалаи нерӯи барқ бояд гуфт, ки дар шаҳр то ҳанӯз ҳолатҳои истифодаи исрофкоронаи он зиёд мушоҳида мешаванд ва зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, инчунин, доир ба пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда тақвият бахшида шаванд",-гуфт раисҷумҳур.

Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафтаи ахир, сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дубора ҷорӣ шудани лимити барқ дар баҳор шикоят мекунанд. Ба гуфтаи сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, барқро дар маҳалҳои онҳо шабона ё рӯзона хомӯш мекунанд.

Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Ширкат мегӯяд, ки аҳолии кишвар аз онҳо ҳудуди 1 миллиард сомонӣ қарз дорад ва дар ин ҳолат таъмини барқ қариб ғайриимкон аст.

 

1523