Сел, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори Кумита аз идомаи номусоидии ҳаво дар Тоҷикистон

253
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба пешгӯии обуҳавошиносон эълон кард, ки ҳавои номусоид дар кишвар то охири апрел боқӣ хоҳад монд

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, дар Тоҷикистон боронҳои шадид дар назар буда, дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст.

“Боришоти шадид дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сабабгори нармии хоки теппаҳо мешавад ва эҳтимолияти ҳаракати онҳо вуҷуд дорад, сатҳи оби рӯдхонаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳову обанборҳо боло меравад”, - ҳушдор додааст ин ниҳод.

Дар ин робита Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

КҲФ таъкид кардааст, ки ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Ин ҳушдор дар ҳолест, ки дар пайи шамолу боронгариҳои шадиди рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расида, бархе аз биною майдонҳои кишт осеб дидаанд.

253