Дар бораи роҳбари нави Бунёди Оқохон-Қозидавлат Қоимдодов чӣ медонем?

© Исполнительный комитет Содружества Независимых ГосударствГлава организации Ага Хана по развитию в Таджикистане - Козидавлат Коимдодов
Глава организации Ага Хана по развитию в Таджикистане - Козидавлат Коимдодов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қозидавлат Қоимдодов ба мақоми роҳбари Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон таъин шуд

Қозидавлат Қоимдодов, 7 октябри соли 1949 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Фаъолияти хизматии Қозидавлат Қоимдодов

Қозидавлат Қоимдодов хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва мактаби ҳизбии Тошканд (соли 1971) буда, дар мақомҳои гуногун дар Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст.

Фаъолияти хизматии худро Қоимдодов соли 1971 оғоз кардааст. Он замон Қоимдодов зоотехники калони колхози ноҳияи Шуғнон буд.

Қозидавлат Қоимдодов, ходими давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик мансаби нави Қоимдодовро пурмасъул хонду шодбош гуфт

Аз соли 1971 то 1972 Қоимдодов дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кард. Пас аз хизмат дар созмони кор бо ҷавонони ВМКБ фаъолият кардааст.

Аз соли 1978 то 1992 дар вазифаҳои раҳбарикунандаи мақомотҳои гуногуни ҳизбии ВМКБ фаъолият кардааст.

Ӯ аз соли 1990 вакили Шӯрои олӣ ва солҳои 2000- 2005 муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.

Аз соли 1993 то 2005 Қоимдодов ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Қоимдодов солҳои 2005 – 2009 дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва солҳои 2009 – 2017 ба ҳайси сафир дар Белорус ва кишварҳои назди Балтик фаъолият кард.

Қозидавлат Қоимдодов бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 ба нафақа фиристода шуд.

Ҷоизаҳои Қозидавлат Қоимдодов

Қозидавлат Қоимдодов якчанд ҷоизаҳои муҳимро соҳиб шудааст.

Ҳамин тавр соли 1997, ба Қоимдодов ҷоизаи корманди шоистаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тақдим шуду, соли 1999 Ордени "Дӯстӣ" насибаш гашт.

Соли 2011 бо нишони "20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон" ва ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ шуд. 

Зиндагии шахсии Қозидавлат Қоимдодов

Қозидавлат Қоимдодов оиладор мебошад. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0