КҲФ гуфт, истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон санҷида мешаванд

CC0 / Pixabay / Девочка на пляже, архивное фото
Девочка на пляже, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар арафаи мавсими шиноварӣ хабар додааст, ки ҳамаи истироҳатгоҳҳои кишвар мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, сокинон дар мавсими гармо ба истироҳату фароғат дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ниёз пайдо мекунанд, ки он ҳам қоидаҳои худро дорад.

Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори ҳавошиносон аз селхезиҳо

“Бахусус дар тафреҳгоҳҳои лабиобӣ. Ин аст, ки имрӯзҳо омодагии истироҳатгоҳҳои назди махзанҳои об ба пазириши истироҳаткунандагон санҷида мешаванд ва барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои фаврӣ андешида мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод афзуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об кормандони раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе омодагии махзанҳои оби “Варзоб”, “Душанбе”, “Кӯли ҷавонон”, “Чорбоғ”, ки дар қаламрави пойтахт ҷойгиранд, санҷиш гузарониданд. 

“Кормандон дар минтақаҳои тафреҳӣ мавҷудияти воситаҳои наҷот ва огоҳкунандаро тафтиш карданд. Ғайр аз ин онҳо бо истироҳаткунандагон дар бораи пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш суҳбатҳо гузарониданд”, - афзуд манбаъ. \

Ба иттилои КҲФ зимни санҷиш  шиногоҳҳо ва заврақҳои муҳаррикдор мавриди тафтиш қарор гирифтанд.

“Ин гуна чорабиниҳо аз ҷониби кормандони КҲФ то охири мавсими оббозӣ дар саросари кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0