Водопроводный кран, архивное фото

Шикояти мардуми Душанбе аз беобӣ ва "беадаби" - и масъулин

305
(Таҷдидшуда 19:04 28.06.2019)
Имрӯз сокинони маҳаллаҳои "Зарафшон", "102" ва "112"-и шаҳри Душанбе бе об монданд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Аз субҳи имрӯз, 28 июн, сокинони маҳаллаҳои "112", "102" ва "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе бе об монданд.

Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеъа Зарина Хушвақт, дар саҳифааш дар Facebook хабар медиҳад, ки аз субҳи имрӯз 28 июн, дар маҳалаи 112 шаҳри Душанбе об дар манозили сокинон нест.

"Даҳҳо нафар аз сокинони ин маҳалла бо сатилу буталҳои об дар даст, машғули ҷустуҷӯи оби ошомиданӣ буданд. Як мошини обкашонӣ барои сокинон об меовард, вале дар назди он навбати зиёде аз мардум қарор доштанд",- навиштааст ӯ.

Манбаъ афзуда, ки масъулон, мушкили набудани обро тавзеъ надоданд, аммо як ҷавони “беадаб” зоҳиран ронандаи мошини обкашонӣ гуфт, ки “тарактур трубаи обро вайрон кардааст”.

Дар ин росто, сокинони пойтахт аз масъулони шаҳрдорӣ хоҳиш кардаанд, ки масъалаи набуди обро дар манозил дар фасли гармои  баррасӣ кунанд.

"Мо дар асри 21 ба сар мебарем ва набудани об дар манозил беш аз чанд соъат вазъи фавқуллода аст",-афзудааст манбаъ.

Дар баробари маҳаллаи "112"-ум имрӯз сокинони маҳаллаҳои "Зарафшон" ва "102"-и шаҳри Душанбе ҳам аз беобӣ шикоят карданд.

Маъмулан шаҳрдории Душанбе пеш аз қатъи обрасонӣ ба ин ё он маҳаллаи шаҳри Душанбе, рӯз ва соати онро эълон мекунад, вале ин бор дар бораи қатъи обрасонӣ хабаре дода нашуд.

305