Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото

Раҳимзода ба "дод"-и сокинони ВМКБ ва Суғд расид

4822
(Таҷдидшуда 13:32 08.07.2019)
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода арзу шикояти тоҷикистониёнро шунид

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода муроҷиати сокинони ВМКБ, Суғд ва Хатлонро баррасӣ кард.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, вазир дар толори маҷлисгоҳи ВКД, тариқи селекторӣ (видеоӣ) шаҳрвандонро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе қабул намуд.

Министр внутренних дел Таджикистана пообщался с жителями ГБАО Хатлона и Согда
Министр внутренних дел Таджикистана пообщался с жителями ГБАО Хатлона и Согда

Шикояти сокинони ноҳияи Темурмалик ба раиси вилояти Хатлон

"Вазири корҳои дохилӣ бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дар доираи ислоҳоти милитсия дар толори маҷлисгоҳи ВКД тариқи селекторӣ (видеоӣ) шаҳрвандонро аз вилоятҳои МКБ, Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе қабул намуд",-омадааст дар хабарнома.

Министр внутренних дел Таджикистана пообщался с жителями ГБАО Хатлона и Согда
Министр внутренних дел Таджикистана пообщался с жителями ГБАО Хатлона и Согда

Аз манзил то ҷои кор: Ёдгор Файзов рӯзҳои шанбе ба "дод"-и мардум мерасад

Манбаъ афзуда, ки аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ зимни қабули муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта, аз қабили гирифтани роҳхат ба Осоишгоҳҳои ВКД, бунёди толорҳои варзишӣ ва ғайра ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки сокинони шаҳри Душанбе барои сохтани майдончаи варзишӣ аз вазири корҳои дохилӣ миннатдор шуданд.

4822
Барчаспҳо:
Душанбе, Хатлон, Суғд, ВМКБ, мардум, шикоят, баррасӣ, Рамазон Раҳимзода, ВКД
Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

480
(Таҷдидшуда 13:13 08.08.2020)
Сарояндаи саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё аз даргузашти бармаҳали овозхони маҳбуб Баҳроми Ғафурӣ изҳори таассуф намуда дар ҳаққи рӯҳи равони марҳум дуо хондаст

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ Инстаграм суруди муштарак бо Баҳроми Ғафурӣ овозхони маҳбуб, аммо ҳоло марҳуми тоҷик мунташир намуда, аз марги бармаҳали ӯ изҳори таассуф намуд.

"Инна-Лилляхи Ва-Инна-Иляйхи-Раджиун!🤲🏼😔ДУСТ ВА БАРОДАРИ АЗИЗ", - навиштааст Шабнами Сурайё.

Зимнан, илова намудааст, ки Худованд Баҳромро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад ва руҳаш шод бошад.

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

480
Барчаспҳо:
навор, тоҷик, овозхон, даргузашт, Шабнами Сурайё

Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

69
(Таҷдидшуда 23:06 07.08.2020)
Рӯзи ҳаштуми август Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон буда дар Чин – Рӯзи падар ва дар Бутан –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 8 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Вашингтон аввалин конгресси миллии Ку-Клукс-Клана оғоз гардида буд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардид.

Соли 1927 дар Фаронса эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.

Соли 1932 Иттиҳоди Шӯравӣ истифодаи меҳнати занонро дар конҳо иҷозат дод.

Соли 1937 тасарруфи Пекин аз ҷониби Ҷопон.

Соли 1949 дар шаҳри Страсбурги Фаронса аввалин ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор гардид.

Соли 1959  дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Соли 1967 баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мақбараи Султон Увайси Қаранӣ баъд аз тармим кушода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президент  Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» — ро мавриди баҳрабардорӣ   қарор доданд.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷашнҳои рӯзи 8 август

  • Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.
  • Дар Чин – Рӯзи падар.
  • Дар Бутан –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ғаюр Ашўров (1960) – доктори илми тиб, профессор.

Надежда Бутовская (1890- 1977)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Абдумаҷид Воҳидов (1942) – доктори илми тиб, профессор.

Григорий Масич (1925) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммад Шодӣ (1959)- шоир, нависанда.

Раҷаб Насим (1935) – нависанда.

Камолиддин Нодиров (1957)- рассом.

Ҳамид Обидӣ (1911 – 1948) – нависанда, драматург.

Акрам Ризоев (1946)- олими соҳаи техника, профессор.

Александр Соловёв (1892 – 1959) – астрофизик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Одилҷон Умурзоқов (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

69
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Детская игрушка возле дороги

Садамаи мудҳиши маргбор дар Шаҳритус: ронанда модару кӯдаконашро пахш карду гурехт

0
(Таҷдидшуда 13:30 08.08.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки чор узви як хонаводаро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менглиев Ҷӯрабек Ҳусанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чоршанбе ба самти маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Чинор бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, саравал як сар чорвои калони шохдорро пахш намуда, баъдан ба қисми канори рости роҳ баромада пиёдагардонро пахш кардааст.

Гуфта мешавад, пиёдагардон Рузиева Умеда Тургуновнаи 18 сола, Алимардонова Тоҷихол Маматалиевнаи 23 сола ва фарзандони хурдсолаш Рузиева Мафтуна Бурибоевнаи 2 сола ва  Рузиев Неъматулло Бурибоевичи хануз яксола нашуда пас аз пахши мошин ҳалок шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон истиқоматкунандагони, ҷамоати деҳоти Х.Холматов буда, ронанда пас аз пахи онҳо аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронанда Менглиев Ҷ.Ҳ. дастгир карда шуд” ,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

0