Строительство ирригационного канала. Архивное фото

"Помир Энерҷӣ" ба деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб об меорад

226
(Таҷдидшуда 16:49 16.07.2019)
Ба деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ аз саргаҳи мавзеи Паҳндара об оварда мешавад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамдастӣ бо Ширкати барқии "Помир энерҷӣ" бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони деҳаи дурдасти Булункӯли Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб, ки асосан ба чорводорӣ машғуланд, лоиҳаеро роҳандозӣ намудаанд.

Ба гузориши АМИТ Ховар, мутобиқи тарҳи мазкур, соли равон 50 гектар  чарогоҳҳои ин водӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар ин водӣ садҳо гектар замини тахту ҳамвор вуҷуд дорад, ки бо сабаби норасоии об пас аз як моҳи фасли тобистон марғзорони он ба дашти хушку пурғубор табдил меёбанд.

Раисҷумҳур дар Мурғоб: аз металҳои нодир то мушкилнописандӣ ва хариди телевизор ба аҳолӣ

Чорводорон маҷбур мешаванд чорвои худро ба рӯдхонаи кӯҳӣ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии беш аз се ҳазор метр ҷойгир буда, атрофи он замини пур аз алаф аст, кӯч диҳанд. Аммо аз соли оянда  сокинони деҳа чорвои худро назди рӯдхонаи кӯҳӣ набурда, оби дарёро  тавассути канал ба деҳа интиқол медиҳанд.

Масъули сохтмони канали мазкур Лутфӣ Саидтарабов гуфт, ки "чанд даҳсола пеш сокинони ин водӣ бо истифода аз ҷӯйборҳо  марғзоронро обёрӣ менамуданд. Аммо  ҳоло бар асари гармшавии иқлим оби ҷӯйборҳо хушк шуда, саршумори чорво низ коҳиш ёфтааст. Акнун дар масофаи 5 километр канал сохта шуда, оби он ба ҷӯйбор расонида мешавад.  Дар натиҷа 50 гектар замин бо об таъмин шуда, саршумори чорво ҳам рӯ ба афзоиш мениҳад".

Бонки ҷаҳонӣ шаҳри Хоруғро "рақамӣ" мекунад

Сокинони водии Булункӯл акнун имконият пайдо мекунанд, ки масоҳати кишти сабзавотро низ васеъ намоянд. Соли гузашта олимони Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин водӣ чанд намуди тухми картошкаро ба таври таҷриба кишт карданд.

Баъди ба деҳа омадани об олимон ба сокинони водӣ тавсия хоҳанд дод, ки кадом намуди тухмиҳоро истифода баранд.

226
Барчаспҳо:
об, деҳа, Мурғоб, ВМКБ, Тоҷикистон
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

566
(Таҷдидшуда 19:25 13.08.2020)
Ҳукумати Русия мавзӯъи сабукиҳои эҳтимолии навбатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тамдиди патентро баррасӣ хоҳад кард

Душанбе, 13 август - Sputnik. Дар ҷаласаи раисони Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди патенти муҳоҷирини корӣ ва таҷдиди парвозҳо гуфтугӯ карданд.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

Дар брифинги матбуотие, ки пас аз ин ҷаласа баргузор шуд, муовини нахуствазири Русия дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон гуфт, дар тӯли пандемияи “вируси корона” дар Русия барои муҳоҷирин пардохти ҳаққи патент лағв шуд.

"Муҳлати аввали лағв то 15 июн таъйин шуда буд, аммо пандемия поён наёфт, аз ин хотир, тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад. Ҳоло ин мавзуъ баррасӣ мешавад, ки ин муҳлат пас аз 15 сентябр низ дигарбора тамдид шавад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст", - гуфт Алексей Оверчук.

Дар мавриди таҷдиди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия мавсуф гуфт, талоши кишвараш бар ин аст, ки парвозҳои муназзам бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро, тавре ки то замони пандемия буд, ба роҳ монад.

"Мо қабл аз ҳама вазъи сироятии кишварҳоро меомӯзем. Ҳоло мо бо се кишвар – Бритония, Туркия ва Танзания парвозҳоро барқарор кардем. Аз 15 август қарор аст парвозҳо ба Шветсария аз сар гирифта шаванд. Мебинем, ки дар Тоҷикистон низ раванди мусбате ҷараён дорад. Ҳоло талош мекунем, ки бо ин кишвар низ бо пеш омадани имкон парвозҳоро ба роҳ монем", - гуфт Алексей Оверчук.

Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи март ба ин сӯ қатъ шудаанд. Дар ин миён Русия 23 парвозро ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон анҷом додааст. Тоҷикистон низ ҳамарӯза ду парвози чартериро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад.

566
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

667
(Таҷдидшуда 19:04 13.08.2020)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

667
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

124
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

124