Нигаронии Зокирзода аз нархи осмонии меваю сабзавот дар Бадахшон

© © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зокирзода аз нархи осмонии ин намуд маҳсулот дар бозори Хоруғ сахт интиқод намуда, ба масъулини шаҳр супориш дод, ки арзиши меваю сабзавотро паст кунанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо сафари расмӣ дар Бадахшон қарор дорад, пас аз боздид аз бозори марказии ин вилоят аз нархи меваю сабзавот изҳори нигаронӣ намуд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон  дар бозори Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Супориш Президент: раису генералу муовини сарвазир ба "гаронтарин бозор" рафтанд–акс

Зокирзода аз нархи осмонии ин намуд маҳсулот дар бозори Хоруғ сахт интиқод намуда, ба масъулини шаҳр супориш дод, ки арзиши меваю сабзавотро паст кунанд.

Гуфта мешавад, гарчанде фасли тобистон дар қаламрави ҷумҳурӣ меваю сабзавот фаровон асту ба нархи дастрас фурӯхта мешавад, аммо дар бозори шаҳри Хоруғ нархи он бисёр гарон аст.

Аз ин рӯ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ба мақомоти марбута дастур дод, ки дар зудтарин фурсат дар назди бозори марказӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор кунанд.

Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад

Зокирзода ҳамчунин супориш дод, ки ин маҳсулот бе миёнарав ба дасти харидорон расонда шавад, то онҳо барои фасли зимистон ҳам маҳсулоти кофии кишоварзӣ захира карда тавонанд.

Вазъи мардум хуб шудааст: вазири тоҷик сабаби қиматшавии гӯштро гуфт

Сафари масъулин ба бозори Хоруғ дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пайи таҳлили нархи бозорҳои кишвар гуфт, аксаран маводи ғизоии арзон дар вилояти Суғд ва гаронтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0