Кабина лифта, архивное фото

Дар Душанбе корхонаи лифтбарорӣ фаъол мешавад

223
(Таҷдидшуда 13:59 20.07.2019)
Ба зудӣ дар Душанбе ширкати нави муштараки Тоҷикистону Туркия тавлиди лифтро оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар наздиктарин фурсат ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия ба тавлиди лифт дар Душанбе шурӯъ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, арзиши ин тарҳ 500 ҳазор доллар буда, ширкати туркияии TT ERMA ASANSÖR ва шарики тоҷикистонии он ин тарҳоро амалӣ мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир к орхона бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.  Гуфта мешавад, тавлидоти корхона барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот пешбинӣ шудааст.

 Дар назар аст, ки ширкати мазкур  дар оғоз барои биноҳои маскунӣ ва сохтмонҳои гуногун лифт тавлид мекунад. Дар оянда бошад масъулини ин ширкат тамими гирифтаанд, тавлиди лифтҳои боркаш низ роҳандозӣ намоянд.

Туркия ба Тоҷикистон 200 миллион доллар додааст

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон алъон беш аз 90 корхонаву ташкилотҳои туркӣ фаъолият мекунанд, ки дар амалӣ намудани беш аз  50 лоиҳаи муштарак саҳмгузоранд.

Муаррифии инконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Туркия

Қаблан сафири Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёсал аз саҳми сармоягузории давлати Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон ибрози назар намуда, афзуд, ки танҳо маблағи лоиҳаҳое, ки аллакай дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, 600 миллион долларро ташкил медиҳад.

223
Барчаспҳо:
лифт, корхона, Душанбе