Водопроводный кран, архивное фото

Файзов як ҳазор хоҷагии шаҳри Хоруғро бо оби ошомиданӣ таъмин намуд

484
(Таҷдидшуда 19:07 25.07.2019)
Дар шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ВМКБ, дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, шарикони рушд ва сокинон ширкат намуданд.

Манбаъ афзуд, дар маросими ба истифода додани хатти оби ошомиданӣ роҳбари вилоят сухан карда, ҳадафи асосии лоиҳаро дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ маънидод кард.

Маврид ба зикр аст, ки лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда шуда, паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ "Помир-энергосервер" ва КВД "Бадахшон-роҳсоз" ба ҳисоб мераванд.

Шикорчиёни ВМКБ сокинони Хоруғро бо об таъмин карданд

Гуфта мешавад, хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр  оварда шуд.

Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус дар маросими ифтитоҳи оби ошомиданӣ зикр намуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа беш аз як ҳазор хоҷагии  шаҳри Хоруғ, ки  5,5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Нигаронии фиристодаи Президент аз ҷараёни сохтмонҳо дар Хоруғ ва супориш ба масъулин

Барои бунёди  хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст, ки дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр  бо оби ширин таъмин хоҳанд гардид.

484
Барчаспҳо:
обтаъминкунӣ, об, Хоруғ
Новая эстакада в Душанбе

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

157
(Таҷдидшуда 12:55 13.08.2020)
Эстакадаи сесатҳа, ки дар шаҳри Душанбе тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, мушкилоти мавҷударо коҳиш дода натавонист

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мушкилоти умдатарин дар роҳҳои мошингарди пойтахт, ин тамбашавии нақлиёт ва нақзи қавонини ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад.

РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо вуҷуди ба истифода додани эстакадаи сесатҳа, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно дар ҷойҳои муқаррарнашуда мусофиронро мефароранд ва ё савор мекунанд.

Манбаъ меафзояд, бо ҳамин кори худ ронандагон ҳолати садамавиро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон ҷони мусофиронро дар хатар мемонанд.

Дар навор қонуншиканиҳои ронандагони мусофирон баръало нишон дода шудааст.

Мусофироне, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда аз нақлиёт берун мешаванд, гулгаштҳои сари роҳро зер намуда, меҳнати нафароне, ки дар ободии пойтахт саҳмгузорӣ мекунанд, поймол менамоянд.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар ҳамин ҳол, ронандагон иллати манъ кардан дар чунин ҷойҳоро бори мусофирон мекунанду мусофирон бошанд ҳамаи айбро ба ронандаҳо ҳавола мекунанд.

Зимнан, кормандони БДА бо ронандагону мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, барои дигарбора содир накардани ин амалашон ба онҳо ҳушдор доданд.

Гузашта аз ин, даҳҳо ронандагон барои таваққуф кардани дар ҷойҳои муқаррарношуда ҷаримабандӣ шуданд.

157
Барчаспҳо:
навор, пиёдагард, ронанда, қонуншиканӣ, Душанбе, БДА
День 13 августа

Ҷашнҳои рӯзи 13 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

50
(Таҷдидшуда 19:19 12.08.2020)
Рӯзи сенздаҳуми август дар Тунис – Рӯзи занон ва дар  Замбия – Рӯзи ҷавонӣ таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯз Фидел Кастро (1926) раҳбари Куба, инқилобчӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 13 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1868 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар сарҳади ду давлат – Эквадор ва Перу зиёда аз 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, дар ин кишварҳо 300 миллион доллари америкоӣ хисорот ба қайд гирифта шуд.

Соли 1907 дар Ню-Йорк аввалин такси ба кор оғоз намуд.

Такси, архивное фото
© Sputnik / Руслан Кривобок
Такси, архивное фото

Соли 1928 дар Маскав аввалин ҷашнвораи варзишии умумииттифоқӣ баргузор гардид.

Соли 1932 дар Рим аввалин санҷиши пахши кӯтоҳи мавҷи радио гузаронида шуд.

Соли 1941 дар Канада Корпуси ҳарбии занона таъсис ёфт.

 

Рӯзи 13 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1937 таъсисёбии Хонаи ҷумҳуриявии эҷодкорон дар Тоҷикистон.

Соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Государственная филармония им. А. Джураева
© Sputnik / Амир Исаев
Государственная филармония им. А. Джураева

Соли 2006 дар Душабе 7 миллионумин нафар дар оилаи Мусоевҳо таваллуд шуд ва номашро Фаридун ниҳоданд.

Соли 2007 дар Тоҷикистон як созмони расонаҳои нав – Созмони журналистони ҷавон таъсис ёфт.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2010 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ бунёд ёфта буд, ба кор дароварда шуд.

Соли 2013 дар маркази шаҳри Норак Президент ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 август

  • Дар Тунис – Рӯзи занон.
  • Дар  Замбия – Рӯзи ҷавонӣ.

Рӯзи 13 август кӣ ба дунё омадааст

Ион Волинский (1912 – 1980) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Тўхлибой Қузибоев (1931-1980)- доктори илми геологӣ.

Озарахш (Толиби Карим) (1963) – шоир.

Ҷўрабой Охунов (1932) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Абдуғаффор Партав (1943) – нависанда.

Иброҳим Раҳматзода (1941)- шоир.

Холбегими Давлат (1966)- шоира.

Раҳматулло Ҳошимов (1960)– сароянда.

Бобоқул Файзуллоев (1899 – 1964) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Абдуҳасан Фаррухӣ (980 – 1037) – шоири форс – тоҷик.

Неъматҷон Xўраев (1962)- рассоми кино.

Фидел Кастро (1926)- раҳбари Куба, инқилобчӣ.

Кубинский лидер Фидель Кастро, Председатель Совета Министров СССР Никита Хрущев и Председатель Президиума Верховного Совета СССР Леонид Брежнев на трибуне во время митинга, посвященного пребыванию Кастро в СССР
© Sputnik / Юрий Абрамочкин
Кубинский лидер Фидель Кастро, Председатель Совета Министров СССР Никита Хрущев и Председатель Президиума Верховного Совета СССР Леонид Брежнев на трибуне во время митинга, посвященного пребыванию Кастро в СССР
50
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

306
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

306