Новое административное здание МВД Таджикистана

ВУД: дар Тоҷикистон 10 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт гардидаст

204
(Таҷдидшуда 13:46 30.07.2019)
Ҳамасола санаи 30- юми июл чомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди савдои одамонро таҷлил менамояд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik.  Бар хабари  Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВУД  Тоҷикистон , соли равон кормандони ин ниҳод 10 ҳолати ҷинояти марбут ба савдои одамонро  ба қайд гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада  ва суботашон ноустувор ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд.

Дар Душанбе масъалаи савдои одамон дар интернет баррасӣ шуд

Дар асоси омори  Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Зимнан дар назди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон Маркази муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шудааст.

Кӣ киро мефурӯшад? Генерал дар бораи савдои одамон дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки қаблан генерал Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни ҷасалаи парлумонӣ дар Душанбе изҳор намуда буд, ки 90 дарсади дастандаркорони савдои одамон, ки тайи даҳ моҳи соли равон боздошт шудаанд, занон мебошанд.

Ба гуфтаи Умарзода, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон 49 нафар дастгир шуданд, ки аз ин 5 нафар мард ва 44 нафар зан мебошанд.

204
Барчаспҳо:
одамон, фурӯш, харидан, ВУД, Тоҷикистон
Вице-президент фонда Миграция XXI век Наталья Власова

Власова дар бораи боз кардани сарҳади Русия: бе муҳоҷирон намешавад

913
(Таҷдидшуда 17:11 26.05.2020)
Наталя Власова коршиноси соҳаи муҳоҷирати Русия мегӯяд, соҳаи кишоварзии Русия ба дасти муҳоҷирон ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Дар Донишгоҳи РАНХиГС - и Русия ҳисоб карданд, ки беш аз 500 ҳазор муҳоҷирон дар соҳаи кишоварзии Русия банд аст. Ва барои кишти бомувафаққият, ҳатто дар вазъияти пандемия бояд, сарҳадро боз кард.

"Таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ масъалаи бисёр муҳим аст. Дар соҳаи кишоварзӣ доим камбуди қувваи корӣ аст. Ва феълан, ки ин баҳор муҳоҷирон ба Русия наомаданд, норасоии дасти корӣ бештар эҳсос мешавад", - гуфт Власова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ таҷрибаи дигар кишварҳо барои ҷалби қувваи кории маҳаллӣ ба чунин корҳо бе самара аст.

"Ба сокинони бумӣ, чунин кор пешниҳод шуд ва онҳое ҳам, ки розӣ шуданд пас аз як рӯзи кор аз меҳнат даст кашиданд", - гуфт ӯ.

Ба фикри коршинос дар Русия ҳам чунин мешавад, чун кор дар соҳаи кишоварзӣ бисёр сахт аст.

"Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо корҳои саҳроӣ одат кардаанд, онҳо ҳар сол дар кишт ва ҷамъоварии ҳосил ба мо хеле кумак мекарданд , - гуфт Власова.

"Вазифаи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз муҳимтарин аст ва дар ин росто бояд ниҳодҳои дахлдор масъалаи боз кардани сарҳад ва омадани муҳоҷиронро барои корҳои саҳроӣ баррасӣ кунанд".

Барои ин кор омори дақиқи лозим аст, то маълум шавад, ки барои кадом минтақа чӣ қадар муҳоҷир даркор аст.

Дар баробари ин Власова афзуд, аз ҳисоби он муҳоҷироне, ки дар Русия бекор мондаанд гурӯҳҳои мобилӣ ташкил шавад ва онҳо барои корҳои саҳроӣ ҷалб шаванд.

Ба гуфти ӯ пандемияи коронавирус нишон дод, ки соҳаи муҳоҷиртаи Русия то ҳол ноқис аст ва ба коркарду ташкили базаи хабарӣ ниёд дорад.

913
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медсестра выполняет ряд двигательных упражнений на пациенте с COVID-19 в больнице

Омори як ҳафтаи Хуҷанд: "илтиҳоби шуш" на ба занҳо раҳм дораду на ба мардон

1309
(Таҷдидшуда 14:21 26.05.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, аз муроҷиати сокинон собит мешавад, ки шумори сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” миёни мардону занон баробар будааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби, Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд мегӯяд, аз омори муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир бармеояд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар байни мардону занҳо баробар аст. Ин маризӣ на ба мардон раҳм мекунаду на ба занон тараҳҳум дорад.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 18 то 24 - уми май ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 94 муроҷиати сокинон ба аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 48 нафар занон ва 46 нафар мардон буданд, ки ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилое, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, тӯли ҳафт рӯз (аз 18 то 24) ба ҳисоби беш аз 170 мавриди баландшавии табъ , 680 нафар аз ду тарафи соҳили руди Сир дар шаҳри Хуҷанд ба аломати бемориҳои мухталиф аз ҷумлаи фишорбаландӣ, бемориҳои қалбӣ, шамолхурдагӣ ва маризии қанд ба унвони маркази ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегӯяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба ду ҳафтаи пеш ба маротиб поён рафтааст.

"Рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон бо ҳолатҳои баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона ду ҳафтаи охир сапти ин қабил маризӣ то ба 14 –16 ҳолатӣ кам шудааст", - таъкид намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳама барои саломатӣ ба по хестаанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо бо ин вуҷуд масъулин таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ аз пирӯзии мутлақ бар маризии "илтиҳоби шуш" шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегӯянд, барои пурра нобуд шудани "вируси корона" нақши сокинон ҳам муҳим аст ва масъулияти баланд дар ин кор барои ҳар як нафар боз ҳам риояи гигиенаи тиббӣ аст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 11 ва 17 уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки давоми ин як ҳафта ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 339 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорати бадан сабт шуда, маълум гардид, ки 196 нафар аз ин шумора бино бо сабаби хуруҷи бемории "илтиҳоби шуш" барои табобат ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилоъи сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

1309
Барчаспҳо:
омор, беморӣ, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

0
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

0