Мясо на рынке, архивное фото

Иди Қурбон: нархи гушт ба 60 сомонӣ расид

507
(Таҷдидшуда 18:19 09.08.2019)
Дар вилояти Хатлон бо наздик шудани иди Қурбон арзиши гушт якбора боло рафта ба 60 сомонӣ расидаст

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Сокинони вилояти Хатлон аз ҷаҳиши якборагии арзиши маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи иди Қурбон изҳори нигаронӣ доранд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Бар хабари манбаъ, бо наздик шудани ин ид дар бозорҳои марказии вилояти Хатлон нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷумла гушт ба якборагӣ қиммат шудааст.

Ташхиси беш аз 3 тон гӯшти ҳарому ифлоси 3 қасоби бозори Панҷшанбе

Сокинони ин манотиқ мегӯянд, дар бозору мағозаҳо ҳамакнун фурӯшандаҳо гуштро ба қиммати 60 сомонӣ мефурӯшанд.

Дар баробари гушт, арзиши маҳсулоти полезӣ ва инчунин ширинӣ низ ниҳоят гарон аст, мегӯянд сокинони ин вилоят.

Рамазон анҷом ёфту гӯшт арзон нашуд

Манбаъ таъкид намудаст, ки ҳамасола бо фаро расидани идҳои Рамазон ва Қурбон дар бозору мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон нархи маҳсулоти ниёзи мардум то андозае аз тарафи  соҳибкорон боло бурда мешаванд, ки ин амали онҳо мардумро нигарон мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки имсол мусалмонони дунё рӯзи 11- уми август аз Иди Қурбон ҷашн мегиранд.

507
Барчаспҳо:
қиммат шудан, гушт, нарх, Тоҷикистон