Намоишгоҳи таҳсил дар Русия, акс аз бойгонӣ

Оғози Анҷумани ҷавонони тоҷикистонии таҳсилкунанда дар хориҷ

48
(Таҷдидшуда 09:42 12.08.2019)
Анҷумани V маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” имрӯз дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти худ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Шумораи аъзои маҳфил ба зиёда аз 30 ҳазор нафар расида,  бо мақсади натиҷагирии фаъолияти кори маҳфил ҳамасола  дар ҷумҳурӣ Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор карда мешавад, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, намояндагии маҳфил дар 16 давлат фаъолияти худро ба роҳ монда,  он дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат  дар баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут мусоидат менамояд.

Каримҷон Салимзода, роҳбари маҳфил иттилоъ додааст, ки дар Анҷумани оғозгардида дар Душанбе беш  аз 80 нафар  намояндагони  маҳфил- аъзои Шӯро ва ҷавонони фаъол иштирок доранд.

Манбаъ афзудааст, ки дар ҷараёни Анҷумани V маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”  баррасии мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла баргузории Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар муарррифии имкониятҳои сайёҳиву таърихӣ дар хориҷи мамлакат: Саразм  оинаи ҷаҳоннамои таърихи миллати тоҷик” дар назар аст.

“Инчунин семинари омӯзишӣ дар мавзӯи муқовимат ба савдои одамон ва роҳҳои пешгирии он бо усули муосир дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ бо истифодаи муносибатҳои байналмилалӣ, тренинги омӯзишӣ дар бораи таҳияи варақаи иттилоотӣ, роҳҳои васеъ инъикос намудани чорабиниҳо, кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ, фарҳанги дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаи фарҳангӣ- фароғатии “Шоми ҷавонӣ” дар назар аст”, - омадааст дар иттилоия.

Маҳфили  “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадаф аз он дӯсту муттаҳидгардонии ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ва баррасии мушкилоти онҳо  арзёбӣ мешавад.

48