Дар Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад

© PixabayРебенок, архивное фото
Ребенок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Департаменти масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ омори зоишу марг дар Тоҷикистонро эълон намуда, дар бораи афзоиши теъдоди аҳолӣ дар соли 2019 пешгӯи кардааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад, чунин оморро Департаменти масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар гузориши ахири худ эълон намудааст.

Центральная межрайонная больница в селении Талхоб Дангаринского района - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон зоишро танзим мекунад

Оморе, ки дар гузориши мазкур ифшо шудааст аз афзоиши мусбати аҳолӣ шоҳидӣ медиҳад.

Ба ҳисоби миёна дар қаламрави Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад, ки аз он 143 нафараш ба ҳалокат мерсад. Ҳамин тавр афзоиши аҳолӣ 73 нафарро ташкил медиҳад.  

Вишневский: барои бартараф намудани бекорӣ дар Тоҷикистон бояд зоишро маҳдуд кард

Тибқи пешгӯии мутахассисон дар соли равон 284 ҳазор кӯдак таваллуд хоҳад шуд ва аз 52 ҳазораш ба ҳалокат мерасад.

Тибқи пешгӯиҳои СММ дар соли 2019 аҳолии Тоҷикистон ба 205 ҳазор нафар афзоиш ёфта 9,4 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.

Ҷавонтарин модарони ИА дар кишварҳои назди Балтик ба сар мебаранд

Теъдодо нафароне, ки аз кишвар муҳоҷират мекунанд дар соли равон ба 26-27 ҳазор нафар мерасад.

Лентаи хабарҳо
0