Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми сайёҳат дар Арху

Вазир дипломатҳои хориҷиро барои сайёҳат ба “Арху” бурд

141
(Таҷдидшуда 15:42 16.08.2019)
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон сафирони хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалиро ба сайёҳати дараи Ромит бурда, ҳамроҳӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар қисмати шарқии Ромит водии хушманзараи Арху ҷойгир аст, ки дипломатҳои ватанию хориҷӣ аз он боздид намудаанд.

“Арху дар 75 километрии шаҳри Ваҳдат дар баландии 1900 метр ҷойгир мебошад. Дар водӣ дарёчаи Рӯдипок ҷорӣ аст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали моҳи равон дар дараи Ромит маҷмааи сайёҳии “Арху” -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро мавриди истифода қарор дода буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, маҷмааи “Арху” меҳмонхонаи навбунёдеро дар бар мегирад, ки аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғён қомат афрохтааст.

Манбаъ афзуд, ки меҳмонхонаи мазкур дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ – “делюкс” мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хондаст.


141
Паспорт гражданина США

Беш аз 5,5 ҳазор амрикоӣ аз шаҳрвандии худ даст кашиданд: сабаб дар чист?

7
Соли гузашта, ҳамагӣ 2072 амрикоӣ аз баҳри шаҳрвандии худ гузаштанд ва шаҳрвандии дигар давлатро пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ширкати "Бамбриҷ" дар Ню - Йорк гузорише дар мавриди афзун шудани теъдоди шаҳрвандони амрикоӣ, ки аз шаҳрвандии худ даст мекашанд, интишор намуд.

Ба гузориши ин ширкат, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дасти кам 5800 нафар аз шаҳрвандони Амрико аз баҳри шаҳрвандии худ гузаштанд.

Дар ҳоле, ки соли гузашта ҳамагӣ 2072 нафар аз шаҳрвандии худ даст кашиданд.

Манбаъ меафзояд, афроде, ки тарки шаҳрвандӣ кардаанд аз иттифоқоте, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯй додааст, аз наҳваи мудирияти ҳамагирии корона ва сиёсатгузориҳо дар Амрико хаста шудаанд.

Трамп пешниҳод намуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ба таъхир гузошта шавад

Бар асоси ин гузориш, ҳар шаҳрванди амрикоӣ агар дар Амрико набошад ва бихоҳад шаҳрвандии амрикоии худро канор бигузорад, бояд 2350 доллар бипардозад ва шахсан дар сафорати Амрико дар кишваре, ки зиндагӣ мекунад, ҳузур пайдо кунад.

Бамбриҷ пешбинӣ кард бо вуҷуди хатарҳое, ки дар канор гузоштани шаҳрвандии амрикоӣ вуҷуд дорад, ин раванд ҳамчунон рӯ ба афзоиш хоҳад буд.

Дар ин гузориш омадааст, агар Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри имсол пирӯз шавад, мавҷи наве аз шаҳрвандонеро шоҳид хоҳем буд, ки шаҳрвандии амрикоии худро канор хоҳанд гузошт.

7
Барчаспҳо:
даст кашидан, шаҳрвандӣ, Амрико
Президент США Дональд Трамп

Тирпарронӣ ҳангоми суханронии Трамп дар Кохи сафед: ӯ фавран биноро тарк кард - видео

210
Дар Кохи сафед аснои нишасти матбуотӣ Доналд Трамп новобаста аз нотамом мондани ҳарафаш толорро тарк кард

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Омили асосии берун рафтани кишвардори Амрико Доналд Трамп аз толоре, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард,тирпарронӣ дар берун аз қасри президент арзёбӣ мешавад.

Дар Телеграмм наворе нашр шудааст, ки яке аз муҳофизони Кохи сафед назди Трамп омада, ба ӯ чизеро гуфт, ки кишвардор баъди ҳарфи ӯ фавран аз толор берун рафт.

Сипас маълум гардид, ки дар беруни бино нафари мусаллаҳ сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тир кушодаст ва аз тири ҷавобӣ маҳв гардидааст.

манобеи РИА Новости менависад, пас аз маҳв шудани силоҳбадаст, кишвардор дигарбора назди хабарнигорон ҳозир шуд ва нишасти хабарӣ идома ёфт.

 

 

 

 

 

210
Барчаспҳо:
навор, Кохи сафед, тирпарронӣ, Доналд Трамп