Таджикские женщины на улице

Қиссаи Рудоба: 14 сол захми тирро пинҳон дошту аз захми дос тоқаташ тоқ шуд

461
(Таҷдидшуда 13:14 18.11.2019)
Давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд ҷудошавии 1133 оила ба қайд гирифта шудаст. Ҳарчанд ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта камтар аст, аммо масъулини мегуянд, ин шумора барои онҳо нигаронкунанда аст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Қамари Аҳрор. Рудоба (ном иваз шудааст - шарҳ аз идора) зане аст, ки мегӯяд, то замони ҷудошавии оилааш 14 сол хушунату озори шавҳараш ва аъзоёни оилаи ӯро таҳаммул кардааст.

Ин сокини шаҳри Хуҷанд, нақл кард, ки ҳанӯз арӯси се моҳа буд, ки шавҳараш бо тири пневматикӣ, дар пояш зад, вале ӯ, инро ба касе ифшо насохт ва 14 сол бо ӯ зиндагӣ кард.

Аммо воқеаи бо дос хунсо кардани ӯ аз ҷониби шавҳараш, дар чор соли пеш дигар сабри таҳаммулпазирии ин занро аз миён бурду боиси аз ҳампошии оилааш шудааст.

“Маро шавҳарам ва аъзоёни хонаводааш бо дос зада оварда дар хонаи волидонам партофтанд. Модарам ин ҳолатро дида бемор шуд. Мо нисбати ин ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем. Баъди корбарии мақомоти тафтишотӣ шавҳарам иқрор шуд, ки 14 сол пеш замоне, ки ман келини се моҳа будам дар вақти овардани хӯрок бо тири пневматикӣ ба поям зад. Ман 14 сол боз бо азоби пои тирхурда мегаштам. Ҳама хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо медонист, ки пои ман мелангад, аммо ман то ин дам ба касе сабаби инро нагуфта будам”, - нақл кард Рудоба.

Ин зан иддао дорад, ки баъзе хушдоманҳо то замони келин кардан худро меҳрубон нишон дода, келиншавандаро ҳамчун фарзанди худу хонадон мепиндоранд, аммо баъди маросими арусӣ нигоҳашон дигар шуда ва фикр мекунанд, ки келин хидматгори ҳама аъзои хурду калони хонадон аст. Барои сари вақт иҷро накардани кор нисбати вай зуроварӣ сурат мегирад.

“Баъзеҳо нисбати келин зӯроварӣ мекунанд. Дар ҳаққи келин гапои ноҳақ мезананд. Баъди келин кардан донишҷӯ бошад, барои идомаи таҳсилаш иҷозат намедиҳанд. Фақат ҳамин қадар иҷоза медиҳанд, ки гоҳ - гоҳ ба хонаи падару модараш равад”, гуфт Рудоба.

Боздошти Давлатов бо иттиҳоми кордзании духтари 17-сола дар Душанбе

Раёсати кумиҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Суғд дар замина барномаи "Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила” ва “ваҳдати оила ”, “Мактаби хушдоманҳо”- ро таъсис додааст. Ин марказ ба гурӯҳи заноне, ки аз ҷониби хушдоман ва ё аъзоёни оилаи шавҳар мавриди азияту зурвоарӣ қарор мегиранд, кӯмак мекунанд.

Фирӯза Раҳимҷонова аз ташаббускорони "Мактаби хушдоманҳо" мегӯяд, онҳо ба занони хушунатдида ёрии ҳуқуқӣ ва равонии ройгон мерасонанд ва барои посдории меҳру муҳаббати оиладорӣ дар хонаводаҳои ноустувор талош мекунанд.

"Мо бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҷомеа аз ҷумла муттахассисони варзидани соҳаи ҳуқуқ, соҳаи равоншиносӣ, саҳаи педагогика ва инчунин занҳои синнусолашон миёнае, ки дар самти оиладорӣ пояҳои устувор гузоштаанд бо занони хушунатдида корбарӣ мекунем. “Мактаби хушдоманҳо” ин теъдод муттахассисонро ҷалб намудааст ва мардум метавонанд тавассути телефони боварӣ оиди ин ё он мушкили оиладорӣ ба шӯрои ҷамъиятии ин мактаб муроҷиат кунанд",-  гуфт Раҳимҷонова.

Раёсати кор бо занон ва оила дар ҳукумати Суғд, давоми шаш моҳи соли равон ҷудошавии 1133 оиларо ба қайд гирифтааст. Ҳарчанд ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта камтар аст, аммо масъулини ин ниҳод мегуянд, ин шумора барои онҳо нигаронкунанда аст.

Рафоат Бобоҷонова, мушовири оилавӣ дар Раёсати кор бо занон ва оила дар Суғд, дар бораи ҷудошавии оилаҳо гуфт, ки ҳоло ҳам дар зеҳни баъзе хушдоманҳо келин бояд нафаре, ки ҳамеша дар хидмати онҳо машғул бошад. Аммо ин то дер ба келин хуш намеояд ва дар натиҷа нофаҳмиҳо миёни арӯсон ва модарони шавҳарони онҳо ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа ба ҷудошавии оилаҳо сабаб мешавад, мегуяд, Бобоҷонова.

“Ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама аз муаммоҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамдигарии келину хушдоман ва дигар аъзоёни оила вобаста аст. Танқисӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ дар оила, масъалаҳои вобаста ба вазъи саломатии келинҳо, якдигарнофаҳмии зану шавҳар, солҳо боз дар муҳоҷират қарор доштани мардон ва ба ин монанд ҳолатҳо боиси ҷудошавии оилаҳо сабаб мешаванд”, иброз намуд, Бобоҷонова.

Аммо Сабоҳат Бобоҷонова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» дар Хуҷанд, мегуяд, дар шароите, ки шумори бештари занон шуғли доимӣ надоранду аз бекорӣ азият мешаванд, пешгирӣ намудани хушунат ва ё пешгирӣ кардани ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо мушкили аслӣ боқӣ мемонанд.

Бино ба омори расмӣ, аз 2,5 миллион нафар аҳолии вилояти Суғд 50 дарсад ва ё 1 милиону 250 ҳазор нафари онро занон ташкил медиҳанд. Аммо омори дақиқи чи теъдод заноне, ки соҳиби ҷои коранд то ҳол мавҷуд нест. Коршиносон бекориву нодорӣ, якдигарнофаҳмӣ ва хушунату озорро аз иллатҳои аслии аз ҳампошии оилаҳо  унвон мекунанд.

461
Барчаспҳо:
ҷудоӣ аз ҳамсар, Суғд
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

1163
Даргузашти нобаҳангоми Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистон аҳли маорифчиёни Хуҷандро андуҳгин намудааст. Ризоева субҳи 8 август бар асари бемории саратон дар бемористони Хуҷанд ҷон ба Ҳақ супурдааст

ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз даргузашти Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистони № 37 ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда ба аҳли пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.

"Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз марги нобаҳангоми бонуи равшанзамир, шахси наҷибу нексиришт, Аълочии маорифи Тоҷикистон Маърифатхон Ризоева сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил мехоҳад”, - гуфта шудааст дар тасаллиятнома.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Маърифатхон Ризоева ҳамагӣ 47 сол (1937 таваллуд шудааст) дошта, баъд аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таҳсил карда, дорои ихтисосҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳуқуқшинос, равоншинос ва мутахассиси муассисаҳои томактабӣ гардидааст.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Фаъолияти кории худро дар кӯдакистони №33 и Хуҷанд оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаи маориф, мудири кӯдакистонҳои №7 ва 37 идома додааст.

67 – сола: даргузашти Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА – и Душанбе ва Суғд

Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Хуҷанд ӯ барои саҳми назаррас дар раванди таълиму тарбияи насли наврас борҳо бо ҷоизаҳо аз ҷумла бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадршиносӣ гардидааст.

1163
Барчаспҳо:
даргузашт, ҳамдардӣ, Хуҷанд
Бухара, старый город

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

177
(Таҷдидшуда 13:21 09.08.2020)
Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуданд. Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабӣ аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз 10 август дар ҳудуди Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ҳокимияти вилояти Бухоро хабар медиҳад.

Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:

  • тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
  • меҳмонхонаҳо;
  • тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
  • марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
  • кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
  • бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ;
  • сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн. 

Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуд.

Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабиро иҷоза доданд.

177
Барчаспҳо:
маҳдудият, қавонин, Бухоро
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

0
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

0
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия