Такси в городе Душанбе, архивное фото

Қоидавайронкунии зани Мерседессавор дар Душанбе: рӯйхати нави ВУД нашр шуд

558
(Таҷдидшуда 20:26 03.09.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Сафарова Мадина  бо худрави "Мерседес Банс" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст.

Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 32 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Ҷаримаро кӣ месупорад: автобуси ҷамъиятӣ дар як ҳафта 76 маротиба қоидаи роҳро вайрон кард

"Саманд"-и мутаалиқ ба ҶДММ "Талко Персия", 30 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "ДЭУ Нексия", ки муттаалиқ ба сокинишаҳри Душанбе Шарипов Азим мебошад, номбар шудааст.

Ин ронанда 29 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Қонуншикании Имомалӣ ва ҷаримагурезии Дилбар: ВУД рӯйхат нашр кард

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 3 сентябр, рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

558
Барчаспҳо:
ҷарима, "Шаҳри бехатар", дурбинҳо, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Аз қонуншикании Файзиниссо то ҷаримагурезии Кенҷамо: нашри рӯйхати ВУД