Дар Рашт Маркази таъиноти бехатарии озуқаворӣ ифтитоҳ ёфт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкТележка с продуктами в магазине
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Маркази таъиноти бехатарии озуқаворӣ кушода шуд

ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik.  Дар расми кушодашавии маркази мазкур раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев иштирок намуданд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Аз ифтитоҳи иншоот то шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум: сафари Раҳмон ба Рашт анҷом ёфт

Бар хабари манбаъ, бинои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ташхисгоҳи замонавиест, ки бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Супориши Раҳмон: калонсолон дар Рашт, ороиши мӯй, компютеру кафшергарӣ меомӯзанд

Тибқи иттилои  масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Рашт, соли 2019   дар ноҳия ба истифода додани 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба  ва майдончаи варзишӣ аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор дода шуданд.

Зимнан хабар дода шудаст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  сохтмони 206 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.

Беҳтарин лаҳзаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

Инҳо 29   адад варзишгоҳ, 15 адад биноҳои маъмурӣ, 29 адад хатти об нӯшокӣ, 22 адад марказҳои савдо, 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ва 74 иншоот дар соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ ва маориф мебошанд, ки то фарорасии ин ҷашни миллӣ ба  истифода дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0