Гости танцуют на узбекской свадьбе

Тӯйи намунавии муовини ҳокими вилояти Сурхандарё

461
(Таҷдидшуда 17:01 09.09.2019)
Муовини раиси вилояти Сурхандарё Анварҷон Орипов ба маросими хонавдоршавии худ 167 меҳмон даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Муовини раиси вилояти Сурхандарё оид ба рушди сайёҳӣ Анварҷон Орипов тӯйи намунавӣ баргузор кардааст, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят.

"Имрӯз боз як тӯйи намунавӣ дар Тирмиз барпо шуд. Дар маросими хонадоршавии Анварҷон ва Мунисахон, ки дар тарабхонаи "Шоҳсарой" баргузор шуд 167 меҳмон ҳузур дошт", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки танҳо хешовандони наздики домоду арӯс ба маросими тӯй даъват шуда буданд.

Тӯй бе зиёдаравӣ ва бо меҳмоннавозии хуби хонадорон баргузор шудааст.

Суғд: сокинон тӯйҳояшонро дар Қирғизистон мегузаронанд то дар кишвар ҷарима нашаванд

Ҳукумати Узбакистон зиёдаравӣ ва хароҷоти беҳударо дар маросими тӯй манъ кардааст.

Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев мардум ва зиёиёнро ба даст кашидан аз хароҷоти беҳуда дар тӯю маъракаҳо даъват кардааст.

Дар ин росто дар ҳар вилояту ноҳия маросимҳои намунавӣ баргузор мешаванд, то барои насли ҷавон намуна ва ибратомӯз бошад.

461
Барчаспҳо:
тӯйи хонадоршавӣ, тӯй, танзими расму оин, Сурхондарё, Узбакистон