Асфальтоукладчик, архивное фото

Раҳмон ба сохтмони роҳи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшид

132
(Таҷдидшуда 20:30 10.09.2019)
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад.

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ

Котибот мегӯяд, лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.

Зимни ошноӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт раисиҷумҳури Тоҷикистон,  барои анҷоми босифати корҳо ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас додааст.

132
Барчаспҳо:
таҷдиди роҳ, роҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Восеъ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (220)