Тартиби нави тӯйу ҷаноза дар Узбакистон: аз соат то теъдоди мошинҳою меҳмонҳо

CC0 / Takmeomeo / Pixabay / Невеста в фате
Невеста в фате - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Узбакистон сарфи вақту маблағро барои маъракаҳои гуногун, ки аз тӯй то ҷанозаро фаро мегирад, маҳдуд карданд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Палатаи болоии парлумони Узбакистон дастурамали маъракаҳои гуногун, аз қабили тӯйу ҷанозаро таҳия кардааст, хабар дод нашрияи Uza.uz.

Гости танцуют на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Тӯйи намунавии муовини ҳокими вилояти Сурхандарё

Бар асоси муқаррароти нав, минбаъд як ҳафта қабл аз гузарондани тӯй кумитаи маҳаллӣ бояд огоҳ карда шавад. Тӯй бояд дар як рӯз аз соати 06:00 то 23:00 гузаронда шавад.

Теъдоди меҳмонон дар тӯй то 200 нафар ва дар бархе ҳолатҳо то 250 - 300 нафар муқаррар гардида, қатори мошинҳои тӯёна набояд аз 4 адад зиёд бошанд. Бархе аз маросими марбут ба тӯй мамнуъ шудаанд.

Дар ҷаноза теъдоди ҳозирин маҳдуд нест, аммо маросими марбут ба он набояд аз се рӯз дертар давом кунанд. Бархе маросим, аз қабили "етти", "пайшанбалик", "якшанбалик", "йигирма","қирқ", "ҳайит", "йил оши", "пул тарқатиш", "мато улашиш" мамнуъ гардидаанд.

Танзим дар қабристон: қабр бояд 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ дошта бошад

Қаблан Мақсуда Ворисова, роҳбари Шӯрои марказии Ҳизби халқӣ-демократии Узбакистон пешниҳод кард, ки созишнома қабл аз издивоҷ ҳатмӣ гардаду аз хароҷоти барзиёд барои тӯйу маъракаҳо ҷилавгирӣ карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0