Хасан Асадуллозода, глава Ориёнбанка

Ҳасан Асадуллозода пули табобати Афзалшоҳ Шодиро пардохт намуд

4767
(Таҷдидшуда 13:45 04.10.2019)
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ, ки дар Олмон се ҷарроҳиро паси сар карда буд, мегӯяд ҳангоми муолиҷа дар хориҷ аз кишвар аз Ҳасан Асадуллозода муассиси "Ориёнбонк" кӯмаки молӣ дарёфт намудаст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Афзалшоҳи Шодӣ, ки тоза аз Олмон ба Ватан баргаштааст, дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи "Оила" аз дастгириҳои молии Ҳасани Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" изҳори миннатдорӣ намудааст.

Афзалшоҳ гуфтааст, ки бо иллати дарди меъда ду маротиба ба Олмон сафар кард ва се ҷарроҳиро паси сар намудаст. Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд, барои гирифтани табобат ба ӯ муассиси "Ориёнбонк" бисёр кӯмак кардаст.

Афзалшоҳ Шодиев: 25 соли ҷудоӣ ба тоҷикон ва узбакон мушкил афтод

Гузашта аз ин Афзалшоев аз ҳамаи дӯстону мухлисонаш, ки ба ӯ ҳар рӯз занг заданду аҳволпурсияш намуданд, миннатдории худро баён намудаст.

Аз ҷумла Афзалшоҳ Шодӣ ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Аврупо, сафири Тоҷикистон дар Брюселл ва намояндаҳо дар Фаронса, Ҳолланд, Шветсия ва дар худи Олмон арзи сипос кардаст.

"Аҳволпурсӣ кардани ман бароям як давлат аст, чунки ин пурсиданҳо ба ман як қувваи тоза мебахшид", - илова намудаст Афзалшоҳ Шодӣ.

Зимнан зикр гардидааст, ки Афзалшоҳ Шодӣ рӯзҳои наздик бо барномаи консертӣ ба шаҳрҳои Панҷакенту Исфара, Истаравшану Хуҷанд сафар мекунад.

4767
Барчаспҳо:
Ҳасан Асадуллозода, сипосгузорӣ, Афзалшо Шодиев, Тоҷикистон
Пациенту ставят капельницу, архивное фото

Фавти 11 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз

85
(Таҷдидшуда 18:30 15.07.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон бар асари маризии сироятии коронавирус дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Миёни қурбониён ҳамчунин як пизишки 53 - сола низ қарор дошт

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Вазорати тандурустии Қирғизистон омори ҷадид фавт сироят ва шифоёбӣ аз коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон дасти кам 11 мариз ҷон аз даст доданд. Гуфта мешавад миёни қурбониён як пизишки 53  - сола низ қарор дошт.

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 99 нафар расид

Вазорати синну соли қурбониёни нави коронавирусро аз 49 то 72 - сола арзёбӣ намудааст.

Ба ҳамин минвол, акнун теъдоди умумии қурбониёни маризии коронавирус дар Қирғизистон ба 160 нафар баробар шудааст.

85
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Фавти боз як мақомдори тоҷик аз коронавирус: 52 - сола ва соҳиби 4 фарзанд

2126
Рустам Турсунзода Сардори Раёсати молияи шаҳри Турсунзода, ки мубталои маризии коронавирус буд, имрӯз фавтид. Марҳум ҳамагӣ се рӯз дар бемористон бистарӣ буд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Сардори Раёсати молияи шаҳри Турсунзода Рустам Турсунзода дар синни 52 - солагӣ вафот кард, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Ба иттилои манбаъ, марҳум ҳамагӣ се рӯз дар бемористон бистарӣ буд ва субҳи имрӯз ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.

Рустам Турсунзода 16-уми майи соли 1968 дар деҳаи Қаротоғи ҷамоати деҳоти Қаротоғи шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст.

Аз 6500 гузашт: омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Марҳум соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2012 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) бо ихтисос муҳосиб-иқтисодчӣ ва идоракунии давлатӣ хатм кардааст.

Соли 2012 бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудааст. Мушовири давлатии дараҷаи 3.

Аз соли 2002 узви ҲХДТ мебошад. Аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ, соҳиби 4 фарзанд. Турсунзода Рустам Усмон аз 12-уми августи соли 2015 то ба имрӯз дар мансаби сардори Раёсати молия дар шаҳри Турсунзода фаъолият дошт.

2126
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ”-ро бозхонд кард

0
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар, қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи  Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” рӯзи 14 июл аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон содир шудааст.

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, таҳти №93 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” бозхонд карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ФҚХ “Шаби Меъроҷ” дар асоси қарори қабулгардида ва дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. 

0