Заместитель председателя Совета Федерации РФ Евгений Бушмин, архивное фото

Даргузашти Евгений Бушмин пас аз бемории тӯлонӣ

163
(Таҷдидшуда 21:18 06.10.2019)
Муовини раиси Шӯрои Федератсия Евгений Бушмин пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 61 - солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Евгений Бушмин, муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад раҳбари Кумитаи Вячаслав Тимченко.

Бушмин дар синни 61 солагӣ, рӯзи якшанбе даргузашт.

Қайд мешавад, ки сиёсатмадор пас аз бемории тӯлонӣ ҷон додааст.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти деҳқони шинохтаи кишвар Камол Мадумаров

Тибқи маълумоти пешакӣ, маросими видоъ бо Бушмин рӯзи 8 октябр рӯзи сешанбе, баргузор мешавад. Бушмин дар оромгоҳи Троекуров ба хок супорида мешавад.

Жак Шерак, раисҷумҳури собиқи Фаронса даргузашт

Евгений Бушмин вақтҳои охир аз бемории вазнин азият мекашидааст. Ӯ рӯзи ҷумъа зодрӯз дошт.

Евгений Бушмин 4 октябри соли 1958 ба дунё омадааст.

163
Барчаспҳо:
ҳалокат, даргузашт, Евгений Бушмин
Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

5579
(Таҷдидшуда 13:13 08.08.2020)
Сарояндаи саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё аз даргузашти бармаҳали овозхони маҳбуб Баҳроми Ғафурӣ изҳори таассуф намуда дар ҳаққи рӯҳи равони марҳум дуо хондаст

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ Инстаграм суруди муштарак бо Баҳроми Ғафурӣ овозхони маҳбуб, аммо ҳоло марҳуми тоҷик мунташир намуда, аз марги бармаҳали ӯ изҳори таассуф намуд.

"Инна-Лилляхи Ва-Инна-Иляйхи-Раджиун!🤲🏼😔ДУСТ ВА БАРОДАРИ АЗИЗ", - навиштааст Шабнами Сурайё.

Зимнан, илова намудааст, ки Худованд Баҳромро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад ва руҳаш шод бошад.

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

5579
Барчаспҳо:
навор, тоҷик, овозхон, даргузашт, Шабнами Сурайё

Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

90
(Таҷдидшуда 23:06 07.08.2020)
Рӯзи ҳаштуми август Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон буда дар Чин – Рӯзи падар ва дар Бутан –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 8 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Вашингтон аввалин конгресси миллии Ку-Клукс-Клана оғоз гардида буд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардид.

Соли 1927 дар Фаронса эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.

Соли 1932 Иттиҳоди Шӯравӣ истифодаи меҳнати занонро дар конҳо иҷозат дод.

Соли 1937 тасарруфи Пекин аз ҷониби Ҷопон.

Соли 1949 дар шаҳри Страсбурги Фаронса аввалин ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор гардид.

Соли 1959  дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Соли 1967 баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мақбараи Султон Увайси Қаранӣ баъд аз тармим кушода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президент  Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» — ро мавриди баҳрабардорӣ   қарор доданд.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷашнҳои рӯзи 8 август

  • Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.
  • Дар Чин – Рӯзи падар.
  • Дар Бутан –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ғаюр Ашўров (1960) – доктори илми тиб, профессор.

Надежда Бутовская (1890- 1977)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Абдумаҷид Воҳидов (1942) – доктори илми тиб, профессор.

Григорий Масич (1925) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммад Шодӣ (1959)- шоир, нависанда.

Раҷаб Насим (1935) – нависанда.

Камолиддин Нодиров (1957)- рассом.

Ҳамид Обидӣ (1911 – 1948) – нависанда, драматург.

Акрам Ризоев (1946)- олими соҳаи техника, профессор.

Александр Соловёв (1892 – 1959) – астрофизик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Одилҷон Умурзоқов (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

90
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте

Обшавии пиряхҳо ва фаромадани сел: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо

0
(Таҷдидшуда 12:31 09.08.2020)
Бино ба ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ, боду ҳавои гарми чанд рӯзи охир эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон боду ҳавои гарм дар Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон то рӯзи 9 август ҳарорати 40 дараҷаӣ боқӣ мемонад.

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

Танҳо дар ноҳияи дурдасттарини ВМКБ- Мурғоб ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чунин гармӣ боиси обшавии пиряхҳо шуда, сатҳи дарёҳоро баланд мебардорад ва эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад.

То 44 дараҷа: Ҳушдори Кумита аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда

Дар ҳудуди вилояти Суғд ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад.

0
Барчаспҳо:
пирях, гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ