Намоиш барои нобиноён, акс аз бойгонӣ

Ҷашни “Асои сафед”: раиси Суғд барои дастгирии нобиноён ним миллион ҷудо кард

44
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои таҷлили Рӯзи байналмилалии асои сафед, ки ҳамасола чун рӯзи нобиноён таҷлил мешавад, беш аз ним миллион сомонӣ ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён 15 октябр дар вилоят низ чун дар бисёри кишварҳои ҷаҳон Рӯзи асои сафед таҷлил мешавад.

Бо қарори Аҳмадзода, барои аёдати маъюбони гуруҳи I аз рӯи нобиноӣ 525 900 сомонӣ ҷудо гардида, қарор аст то рӯзи ҷашн кӯмакпулиҳо ба 1753 нафар тақдим карда шавад.

“Ҳамзамон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият вазифадор карда шудаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи котиботи раиси Суғд.

Ҳамасола 15-уми октябр дар бисёри кишварҳои ҷаҳон, Рӯзи нобиноён, ё худ “Рӯзи асои сафед” таҷлил карда мешавад. “Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, охири солҳои 60-уми асри гузашта, 15 октябр аз ҷониби Федератсияи байналмилалии нобиноён ҳамчун рӯзи “Асои сафед” эълон карда шуд.

44
Барчаспҳо:
кумак, нобиноёну камбиноён, Суғд, Тоҷикистон