Сафари Қосим Роҳбар ба Шуғнон бо супориши Озода Раҳмон

© Sputnik / Амир ИсаевКосим Рахбар. Архивное фото
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Шуғнон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи ниҳоди тобеяшро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳал, ҷаласаи сайёр дар Шуғнон бо супориши Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон доир гашт.

Аз баҳси "ов"-у "ев", насаби тоҷикӣ ва ҳуввияти миллӣ то шаҳрвандии ФР

“Дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2019, №3174, дар мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди раисиҷумҳур баргузор гардид”, - хабар дод Кумита.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати мушовара шурӯъ аз 7 октябр бо роҳбарии Қосим Роҳбар дар ноҳияи Шуғнон қарор доранд ва 10 октябр ҷаласа баргузор карданд.

Кумитаи рушди маҳал таъкид намудааст, ки зимни ҷаласаи мушовара такмили низоми идораи маҳаллӣ дар ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

Ҳадафи боздид аз ноҳияи Шуғнонро  гурӯҳи сайёри Кумита муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинон арзёбӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0