День 16 октября

Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

120
(Таҷдидшуда 20:09 15.10.2019)
16 октябр дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик, Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ, Рӯзи ҷаҳонии нон, Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Рӯзи ҷаҳонии нон мебошад

Рӯзи 16 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 ширкати кинои Уолт Дисней таъсис ёфт.

Уолтер Дисней американский художник-мультипликатор
Public domain
Уолтер Дисней американский художник-мультипликатор

Соли 1930 шумораи нахустини рӯзномаи "Moscow News" ба забони англисӣ  нашр гардид.

Стенд с новым номером газеты The Moscow News
© Sputnik / Сергей Пятаков
Стенд с новым номером газеты The Moscow News

Соли 1942 бар асари тӯфон дар Бенгалия (Ҳиндустон) 40 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1964 Чин нахустин озмоиши яроқи ҳастаӣ гузаронд.

Соли 2013 масоили вақт ва дурнамои  рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шуданд.

Соли 2014 дар Остона Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии "Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи "Қазоқистон -2050" баргузор гардид.

Рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 таъсисёбии Тоҷикистони Советӣ.

Здание Государственной публичной библиотеки Таджикской ССР им. Фирдоуси.
© Sputnik / Р. Нетелев
Здание Государственной публичной библиотеки Таджикской ССР им. Фирдоуси.

Соли 1998  ҳафтаномаи "Авиценна" нашр шуд.

Соли 2007 Бонки давлатии Чин баҳри такмили фаъолияти корпоратсияи ZTE, ҶС "Тоҷиктелеком" ва оператори мобилии "ТК-мобайл" 73 млн. доллар қарз ҷудо кард.

Соли 2013 бо ширкати Президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии "Суғд Пак" ба кор дароварда шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон
Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии "United World" мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух дод.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр

  • Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.
    Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее
    © Пресс-служба Посольства Таджикистана в России
    Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее
  • Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.
  • Рӯзи ҷаҳонии нон.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

Рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1957) - шоир Обидхоҷа Лутфӣ.

Солҳом (1898-1938) – корманди давлатии Тоҷикистон Чинор Имомов.

Соли 1951 - корманди давлатӣ Джамолиддин Мансуров.

Соли 1958 года – нависанда Саидаҳмад Зардон.

Соли 1939 — доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Намоз Бердиев.

Соли 1966 — олими таърихшинос, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ Маъруф Исоматов.

120
Барчаспҳо:
октябр, таърих, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кран в ванной комнате, архивное фото

Таъмини деҳаи Баравун бо оби нӯшокӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ

64
(Таҷдидшуда 13:19 07.07.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз таъмини деҳа Баравуни ноҳия бо оби нӯшокӣ хабар додаанд, ки арзиши лоиҳа 1,5 миллион сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ дод хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилоли манбаъ, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд иштироку сухан карданд.

“Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад.  Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия..

Зикр шуд, иншооти мазкур дар доираи Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.

64
Барчаспҳо:
об, Тоҷикистон
День 7 июля

Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

58
(Таҷдидшуда 20:53 06.07.2020)
Рӯзи ҳафтуми июл дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ буда, дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ дар Испания Рӯзи ҷумҳурӣ ва дар Қирғизистон Рӯзи кормандони молия мебошад

Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони  Эстония интихобот сурат гирифтааст.

Соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани  ҷанг қарор қабул намуд.

Соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка  ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари америкоиро ташкил дод.

Соли 1960 дар Арабистони Саудӣ гирифтани маълумоти олӣ барои занон иҷоза дода шуд.

Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.

Рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 кушодашавии корхонаи муштараки тоҷикӣ-амрикоии “Sano” дар шаҳри Хуҷанд.

Соли 2009 Ҳукумати Тоҷикистон  ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

День 5 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.

Соли 2012 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.

Соли 2013 маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақавии сил дар ноҳияи Вахш.

Соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 июл

  • Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.
  • Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Рӯзи ҷумҳурӣ дар Испания.
  • Рӯзи кормандони молия дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Перу.
  • Рӯзи истиқлолият дар Норвегия.
  • Рӯзи шаҳидон дар Малта.

Рӯзи 7 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1746 — астрономи итолиёӣ Ҷузеппе Пиатси, ӯ нахустин сайёраи хурди  — Тсерерро кашф карда буд.

Соли 1936 — математик ва физики советӣ, профессор, академик Юрий Осипов, ӯ солҳои (1991—2013) президенти Академияи илмҳои Русия буд.

Соли 1962 — сарояндаи русиягӣ, овозхони пешини гурӯҳи "Браво" Жанна Агузарова.

Рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Мирмуъмин Абдулов (1958) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Турдихон Бердиева (1942 – 2008) – доктори илми филологӣ, профессор.

Неъматҷон Бобоҷонов (1939 – 1992) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Назаршо Назаршоев (1954) – доктори илми таърих, профессор.

Ҳофиза Наимова (1923) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Азиз Ниёзмамадов (1941 – 1995) – дирижёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Равсаниёр Мавлуда (1968)- шоира.

Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров (1944) – адабиётшинос, профессор.

Гулузор Тўраева (1941) – меъмор – сохтмончӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ҷумъақул Ҳамроев (1947)- доктори илми филологӣ, профессор.

Шокирзода Замон (1941) – нависанда.

 

Рӯзи 7 июл кӣ вафот кард

Соли 1718 — подшоҳ Алексей, писар ва меросхӯри Петри I.

Соли 1930 — нависандаи англис, офаринандаи симои Шерлак Хомс Артур Конан Дойл.

Соли 1967 — ҳунарпешаи англис, дорандаи дукаратаи "Оскар".

58
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

0
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон