Мардҳо бо ҷузвдон дар даст, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ: аз вазифа сабукдӯш шудани Абдуқаюмзода ва Қосимов

1581
Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва Бахтиёр Қосимов, мудири бахши фарҳанг аз вазифаҳои худ барканор шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар бораи аз вазифаи хидматӣ озод шудани ин ду масъули шаҳрдории Хуҷанд, сомонаи расмии ҳукумати шаҳр иттилоъ додааст.

“Қарорҳои раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи аз вазифаи муовини раиси шаҳри Хуҷанд озод намудани Ҷамшед Абдуқаюмзода ва аз вазифаи мудири шӯъбаи фарҳанг барканор шудани Бахтиёр Қосимовро дар ҷараёни иҷлосия вакилони  халқи шаҳри Хуҷанд тасдиқ намудаанд”, - хабар дод сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд

Далели барканории ҳар ду мақомдори шаҳри Хуҷанд гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.

Хуҷанд макони Қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо интихоб шуд

Бахтиёр Қосимов, чанд сол ахир вазифаи мудири бахши фарҳанги шаҳри Хуҷандро бар зимма дошт. Ҷамшед Абдуқаюмзода рӯзи 18-уми апрели соли 2018 ба мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуда буд.

1581
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Маҷлиси вакилони халқии шаҳрӣ, ҷаласа, Хуҷанд, Тоҷикистон