Шикояти корбари Фейсбук боиси ҷазо гирифтани 6 ронандаи қонуншикан гардид - навор

419
Раёсати умури дохии шаҳри душанбе дар пайи шикояти як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук алайҳи шаш ронандае, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардаанд, парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати ВУД, як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пешниҳоди навори қонуншиканиҳои ронандагон дар роҳ хостори муҷозоти онҳо шудааст.

"Пас аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда, муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар навор инъикосёфта ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳро содир намудаанд", - омадааст дар иттилоия.

Раёсати ВУД муайян намудааст, ки ронандаҳои муттаҳам дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ - Давлатов Комил ронандаи автомашинаи "Ландкрузер - 200", Ибрагимов Дилшод ронандаи "Лексус-350", Фозилов Қобилҷон ронандаи "Тайота-Каролла", Юсупов Марадона - ронандаи "Лексус - 300", Файзуллоев Шавкатилло ронандаи "Деу-сиело", Ҷамолиддин Мадиброн ронандаи автомашинаи "ВАЗ-21214" мебошанд.

Милитсия дар шигифт: боздошти ронандае, ки ба ҳуқуқвайронкунии бесобиқа даст задаст - акс

Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати ронандагони зерин бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Раёсати ВУД аз шаҳрвандон  хоҳиш намудаст, ки дар сурати шоҳиди чунин қоидавайронкунӣ шудан ба мақомоти умури дохилии пойтахт тариқи rvkddushanbe@mail.ru, ё телефон (+99237)221-15-00 хабар диҳанд.

419
Барчаспҳо:
муҷозот, ронанда, корбари интернет, шикоят
Пустые улицы города Душанбе

Бозорҳо ва кошонаҳои ҳусн дар Душанбе то 15 июн баста мемонанд

622
(Таҷдидшуда 14:03 30.05.2020)
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо то 15 июни соли 2020 маҳдуд боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.

11 супориши муҳлатноки Раҳмон ба Ҳукумат ва вазоратҳо барои пешгирии COVID - 19

"Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд", - омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: омодагӣ ба зимистони 2020-2021 ва супоришҳо ба масъулин

Мақомоти шаҳри Душанбе ҳамчунин хабар медиҳад, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намудааст.

Ёдрас мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус фаъолияти бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе аз ҷумла "Корвон", "Саховат" ва кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои фурӯши телефонро боздошт.

То 29 майи соли равон дар Тоҷикистон, 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

622
Барчаспҳо:
маҳдудият, маҳдуд, сартарошхона, бозор, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Хуршед Атовулло: падари 71 - солаашро аз даст дод

1189
(Таҷдидшуда 16:20 29.05.2020)
Ато Карим падари сардабири ҳафтаномаи "Фараж" Хуршед Атовуллоев шаби 28 - уми май дар синни 71 солагӣ аз дунё гузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Ато Карим, падари сардабири ҳафтаномаи "Фараж" ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло шаби 28 май дунёи фониро падруд гуфт.

Ба иттилои сомонаи "Фараж", падари Хуршед Атовулло дар бемористони шаҳри Панҷакент бистарӣ буд. Марҳум ҳамагӣ 71 сол умр дошт.

Бобои Файз - муаллифи таронаи машҳури "Очата бугӯ" даргузашт

Ниёзов Атовулло Каримович (Ато Карим) 15-уми июли соли 1950 дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Баъди хатми омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Панҷакент, чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна кор карда, соли 1978 факултети таърихи Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Марҳум  худ шоир, нависанда ва омӯзгор буда, китобҳои зиёдеро чоп намудааст. Китобҳои ӯ бо номҳои "Садо аз зиндон" (1998), "Ашки ҳасрат" (1999), "Тӯшаи ғарибон" (2009), "Фарёди дил" (2011), "Пули ҳаром", (2014), "Ашки ғам" (2018) ба таъ расидаанд ва навиштаҳояш дар чанд маҷмӯаи дастҷамъӣ нашр шудаанд.

Маросими видоъ бо шоир ва нависанда Ато Карим имрӯз, 29 май дар зодгоҳаш деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент сурат гирифт.

1189
Ноги и футбольный мяч

Футболи Ӯзбекистон 5 июн ба майдон бармегардад

11
Омодагӣ барои тамрину мусобиқаҳо бояд тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена сурат гирад.

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.

Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст.

Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.

Бошгоҳҳои футболи касбӣ бояд машқҳоро тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои карантиниро то 15 июн тамдид кард. Аммо аз 1 июн дар баъзе аз минтақаҳои санаторияҳо, клубҳои варзишӣ кушода, тӯйҳо ва ҷашнҳо иҷозат дода мешаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон сар аз оғози моҳи май дар минтақаҳое, ки шуъи коронавирус дар он паст шуд чораҳои қарантиниро сустар карданд.

Ҳамчунин, сар аз 15 май кори паркҳо, музейҳо ва варзишгоҳҳо дубора барқарор шуданд.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Аз 18 май робитаҳои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва минтақаҳои кишвар барқарор гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 6 миллион ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 357 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда ба 3 546 расид. 14 бемор фавтида, 2 783 нафар шифо ёфтанд.

11