Президент Украины Владимир Зеленский

Ҳаракатҳои аҷиби зан аз ақиби Зеленский ҳангоми мусоҳиба ба навор афтод - видео

984
(Таҷдидшуда 12:52 24.10.2019)
Бино ба гузориши нашриёти Strana.ua, эҳтимолан сухангӯи Владимир Зеленский Юлия Мендел ба навор афтодааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он ҳангоми мусоҳибаи президенти Украина Владимир Зеленский дар қафояш ҳаракатҳои аҷиби зане намоён мешавад.

Навор аз ҷониби корбари шабакаи Facebook Денис Фетисов, нашр шудааст.

Аз навор дида мешавад, ки зан чаҳор бор аз қафои Зеленский пайдо мешавад ва ба касе ишора мекунад.

"Дугоник" - и Зеленский дар Узбакистон ёфт шуд - видео

Бино ба гузориши нашриёти Strana.ua, эҳтимолан сухангӯи Владимир Зеленский Юлия Мендел ба навор афтодааст.

Акси Зеленский дар пляж корбарони интернетро ба хашм овард

Эҳтимолан ӯ мехост ба рӯзноманигрон бо ин ишораҳо бигӯяд, ки вақт танг аст ва мусоҳибаро бояд анҷом диҳанд.

984
Барчаспҳо:
мусоҳиба, зан, ҳаракат