День 28 октября

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

69
(Таҷдидшуда 18:58 25.10.2019)
Рӯзи 28 октябр рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия буда дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён мебошад. Дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардид

Рӯзи 28 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

Соли 1914 ширкати "Kodak" аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

Kodak Brownie Camera. Архивное фото
Kodak Brownie Camera. Архивное фото

Соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Русия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён  дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

Рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон «Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1» сарфароз гардонида шуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.
  • Дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён.
69
Барчаспҳо:
ҷаҳон, Тоҷикистон, октябр, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон