Пассажирский терминал в аэропорту Домодедово, архивное фото

Авбошии сарнишини тоҷик боиси таъхири парвози ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб гардид

695
(Таҷдидшуда 13:23 01.11.2019)
Авбошии як шаҳрванди Тоҷикистон боис ба таъхири парвази ҳавопаймои самти Домадедова - Кӯлоб гардид. Ин сарнишинро аз ҳавопаймо берун карданд ва ҳамзамон ба мӯҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум намуданд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Парвози ҳавопаймо самти Домадедова - Кӯлоб бинобар авбошӣ намудани як сарнишини тоҷик ба таъхир афтод, хабар медиҳад Раёсати гумруки Вазорати умури дохилии Русия.

Қайд мегардад, ки шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1978, бинобар вайрон намудани тартибот дар дохили ҳавопаймо ӯро аз парвоз боздоштанд ва ҳамзамон дар нисбати вай ҷазои маъмурӣ тадбиқ намуданд.

Фурудгоҳи Душанбе: дар се моҳ 70 ҳодисаи ба таъхир афтодани парвозҳо ба қайд гирифта шуд

"Халабони ҳавопаймо тасмим гирифт, як сарнишинро, ки маст буд ва рафтори номуносиб мекард, аз парвоз боздорад. Номбурда суханони қабеҳ мегуфт ва бо ҳаммусофирони худ  вориди муноқиша шуда, ба дастури халабонҳо итоат намекард", - омадааст дар хабари манбаъ.

Гуфта мешавад, халабонҳо то андозае тавонистанд тартибот дар ҳавопайморо барқарор кунанд ва зимнан авбошро кормандони пулис аз дохили ҳавопаймо берун намуда ба шӯъбаи навбатдории раёсати умури дохилӣ дар фурудгоҳи Домадедова бурданд.

Таъхири 15-соатии парвози ҳавопаймои “Сомон эйр” аз Санкт-Петербург ба Душанбе

Ҳамин тавр парвози ҳавопаймо самти Кӯлоб, бо таъхиркорӣ ба анҷом расид.

Манбаъ меафзояд, дар нисбати шаҳрванди Тоҷикистон барои содир намудани майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯро ба мӯҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум намуданд.

695
Барчаспҳо:
Кӯлоб, Маскав, таъхир, ҳавопаймо